ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

    “Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давла­дории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунан­даи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷи­кистон мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон

  Парчам рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ буда, ҳамчун муқаддасоти давлат мебошад. Парчам муаррифгари давлату миллат мебошад, ки таввасути он ҳар давлат дар муаррифии худ ҳамчун рамзи давлатиаш дар арсаи ҷаҳонӣ худро нишон медиҳад. Парчам инчунин ифтихормандӣ ва шарафмандист. Дар баъзе муаррифнномаҳо давлатҳои гуногунро танҳо тавассути парчамҳояшон мешино­санд ва муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорои муқаддасоти худ буда, яке аз онҳо парчам мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардида, мо сокинони шарафманди Тоҷикистон азиз имсол, 30 солагии рӯзӣ қабули парчами давлатиямонро бо ифтихор таҷлил менамоем.           Доир ба таърихи пайдоиши парчам назару ақида­ҳои олимон гуногунанд. Бештари онҳо ба он назаранд, ки парчамҳои аввалин ҳамчун рамзи лашкар ё низоми ҳарбӣ будааст, ки баъдан пирӯзиҳои он лашкарҳо ба пайдоиши аввалин давлатҳои пуриқтидор оварда расонидааст. Онро ба давраҳои то солшумории милодӣ мансуб медонанд. Лашкари ҳар кадом иттиҳоди ҳарбӣ ё низомӣ, ки байни худ меҷангиданд ранг ва тарзҳои гуногунро дар бар мегирифтанд. Албатта, ҳар як нафари дар ин низом буда, бо он рамзи худ ифтихор мекард.

     Ҳатто барои парафшон нигоҳ доштани он ҷони худро дареғ намедошт. Он дар натиҷаи марҳилаҳои рушду инкишофи ҷомеа тағйир ёфта инкишоф меёбад. Дар замони ҳозира бошад, парчам ҳамчун рамзи истиқлолият, озодӣ ва нишонаи давлатҳои алоҳида шинохта шудааст. Тоҷикистон низ дар ин асно марҳилаи хоси таърихии пайдоиш ва инкишофи парчамро доро мебошад.

      Тоҷикон дар парчаму парчамдорӣ таърихи қадима дошта, нисбат ба парчам ҳамчун рамзи пирӯзию комёбӣ ва зафарёбию озодӣ эҳтироми махсус дошта, онро муқаддас медонистанд. Дар “Шоҳнома”-и Абдулқосими Фирдавсӣ дар “Достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар” махсус таъкид мешавад, ки чи гуна Кова пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад.

       Аз он пас шоҳ Фариддун парчами худро бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” аз зару зевар тартиб дода, парафшон мекунад ва онро муқаддас меҳисобад. Баъдан парчам дар таърихи давлатдории мо тоҷикон ҳамчун рамзи озодӣ, пирӯзӣ ва муқаддас, марҳилаҳои гуногуни инкишоф ва тағйирёбии рангу намуди худро аз сар гузаронидааст. Лекин дар ҳама давру замон халқи мо нисбат ба парчам эҳтироми махсус дошта, ба он арҷ мегузоштаанд. Нисбат ба парчам дар назм ва насри тоҷик маълумоти хеле зиёдеро пайдо намудан мумкин аст. Шумораи шеърҳои зиёд ва ҳатто асарҳои махсус ба номи парчам аз тарафи нависандагону шоирони мо иншо шудааст. Ин, албатта, шаҳодати гуфтаҳои болост.

     Таърихи номгузории парчам дар давлатдории мо гуногун буд ба мисли: дирафш, алам, ливо, байрақ ва баъдан парчам ивази ном мекунад. Боиси ёдоварист, ки 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Боби дуюми қонуни мазкур ба “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон” бахшида шуда, тамоми қоидаҳои муносибат ба парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва истифода­барии онро муайян менамояд. Албатта, яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мебошад.

     Овардани тавсифи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост. Парчами давлатӣ-ин иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Парчами Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи болоӣ ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якунимбаробари паҳноии ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар мобайни рахи сафед ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозӣ ва бари парчам 1/2 метр мебошад. Ранги сурх, рамзи мубориза ва ҷонисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед, рамзи бахту иқболи сафед, ранги сабз, рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишварамон мебошад. Тоҷ, нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилиятро ифода менамояд.

     Парчам ва хусусиятҳои муқаддасотии он, пеш аз ҳама, зарур аст, дар миёни насли наврасу ҷавон бештар муҳокима шуда, онро эҳтиром намоянд ва тамоми хусусиятҳои муқаддасотии онро аз худ кунанд. Ҷавонон ва шаҳрвандонро мебояд, дар бораи парчам маълумоти кофӣ дошта бошанд, бад ин васила муқаддас будани онро донанд. Парчам рамзи ифтихори ҳар як сокинони мамлакатамон мебошад, зеро ки ҳар сокини солимфикри кишвар дар ҷодаи интихобнамудааш саъй намудан мехоҳад, ки ба музаффариятҳо бирасад дар ин маврид ӯ ҳамчун шаҳрванди худогоҳ муқаддасоти миллиро арҷ мегузорад.

    Бо шарафи варзишгаронамон, ки  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз мешаванд, ҳатман парчами миллӣ парафшон мегардад ё ҷавоне, ки дар кодом як касбу коре муваффақ мешавад. Дар ҳолати парафшон будани парчами давлатӣ бояд ғурури миллии ҳар як ҷавони ватандӯст баланд шавад. Барои шиносони­дани ҳар як давлат дар сатҳи байналмилалӣ дар мусоби­қаҳову олимпиадаҳо, семинару конференсияҳои гуногун танҳо шаҳрвандони бонангу номусаш метавонанд, ки парчамбардорӣ давлат бошанд. Хушбах­тона, Тоҷикистони ҷавони моро имрӯзҳо акса­рият давлатҳо ва ташкилотҳову созмонҳои ҷаҳон шинохта эътироф менамоянд.

    Овезон будани парчами даватӣ дар саҳни бинои СММ ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ боиси ифтихор мебошад. Ташаббусҳо ва комёбиҳои ҳар як шаҳрванди худшиносӣ ин Ватан дар сатҳи ҷаҳонӣ ин дастовардҳои давлату миллат ҳисоб мешавад, ки он ташаб­бусҳо метавонанд миллату давлати моро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

      Ғояи баланди ҳисси ифтихормандӣ аз муқаддасоти давлатӣ, бахусус парчами давлатӣ ин албатта аз корнамоиҳои ва ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, дар шинохт ва тарғиби арзишҳои олии  Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда, пешниҳод барои ҳаллӣ масъалаҳои мубрами глобалӣ, баргузори нишастҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланд дар пойтахти мамлакат, инчунин ҳамовозӣ гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, мояи ифтихори миллати тамаддунофари мо мебошад.

    Имрӯзҳо парчами давлатии мо дар маркази пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе парафшон буда, он баландтарин парчами дунё шинохта шудааст. Парчами давлатиямон имрӯзҳо, дар баландии 165 метр парафшон мебошад, ҳар маротибае, ки ба пойтахт ворид шавем ҳатман ба назарамон парчами муқаддасамон намудор мегардад. Бо дидани он бояд ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватан­дорӣ ва ҳимояи марзу бум дар ботини ҳар як ҷавон ҷо бигирад.

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24- уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчам эълон намудааст, ин, албатта, таваҷҷуҳи ҳукумат нисбат ба парчами давлатӣ, яъне ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад, ки онро бояд бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифт ва ба ин васила огоҳ шудани насли наврасу ҷавон ба арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Дар ин замина, ҳар як шаҳрванд, махсусан, ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба муқаддасоти миллӣ, махсусан парчами давлатӣ эҳтироми хосса ба ҷо оварда, онро муқаддас шуморанд.    

Муовини Раиси шаҳри Роғун

Баҳром Шарафзода