ИШТИРОК ВА НАМОЯНДАГӢ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР САМТИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ дар миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия як гурӯҳ хизматчиёни давлатӣ иборат аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ВМКБ, Вилояти Хатлон шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сеюмин Форуми умумироссиягӣ ва байналмиллалӣ, ки ба мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ бахшида шуда буд, иштирок намуданд. Чорабинии мазкур, аз 19 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид. Тибқи барнома дар ин чорабинии байналмиллалӣ, ки бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ доир гардид, беш аз 7000 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳо ва субъектҳои алоҳидаи Федератсияи Русия, ҳамзамон меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштироки фаъолона доштанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои форум, конференсияи илми назариявии байналмиллалӣ дар мавзӯи “Дипломатияи ҳамкориҳо дар самти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир”, ба роҳ мондани ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар самти таҳкими идеология, иқтисоди маҳаллӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, соҳаи ҷавонон, варзиш, рушди деҳот, тиҷорат ва дигар самтҳои афзалиятноки мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ, инчунин бастани созишномаҳо, баргузории форуми технологӣ ва инноватсионӣ, форуми иқтисодию тиҷоратӣ ва парки технологӣ, намоиши барномаҳои таърихию фарҳангии театрикунонидашуда, омодаги ва ташкили чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва форуми байналмилалӣ бо иштироки роҳбарияти Федератсияи Русия баргузор гардиданд. Барои мо ифтихори хеле бузург аст, ки бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ватани азизамон дар ин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кишвари азизи худро шоиста намояндагӣ ва муаррифӣ намудем. Гуфтан ба маврид аст, ки дар асоси сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҳамкориҳои хориҷӣ ва байналмиллалии кишвари мо бо давлатҳои ИДМ, махсусан Федератсияи Русия хеле хуб роҳандозӣ шудааст. Дар робита ба ин, ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як давлати соҳибистиқлол дар сатҳи СММ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ бо кишварҳои зиёди хориҷӣ хуб амалӣ мегардад. Албатта, ин имконият медиҳад, ки дар оянда низ ҳамкориҳои дӯстонаи судманд дар самтҳои гуногуни афзалиятнок дар сатҳи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва субъектҳои он, инчунин дигар кишварҳо бо мақсади табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ, таҳкими идеология миллӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои давлатии соҳибистиқлоламон, рушди саноати маҳаллӣ, савдо ва тиҷорат, иқтисодӣ маҳаллӣ, рушди соҳаҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш, илму маориф, рушди деҳот ва дар маҷмӯъ бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ҳамкориҳои натиҷабахш ба роҳ монда шавад.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
