ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ШИРКАТИ СОХТМОНИИ “ВИБИЛД” ДАР ҶСК НБО “РОҒУН”

   Дар ҳамкори бо ҶСК НБО “Роғун”, ширкати “Вибилд” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар ширкати сохтмонии “Вибилд” баргузор карда шуд. Дар рафти баргузории ин чорабинии идона, роҳбарияти ҶСК НБО Роғун, роҳбари ширкати “Вибилд” дар НБО Роғун ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирок карда ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ табрику муборакбод намуданд. Дар суханрониҳо, аз иқдому ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ гардонидани ҷашни Наврӯз ва бунёди НБО Роғун, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон суханронӣ карда шуд.

Дар идома, барномаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, ки хоси иди Наврӯз мебошанд ва ҳамчунин барномаи рангини ҳунармандон пешниҳоди сохтмончиён ва кормандони ин ширкати бонуфузи сохтмонӣ гардонида шуд. Кормандони ширкати “Вибилд” аз баргузории ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар корхонаашон рӯҳияи болида гирифта, таасуроти худро нисбат ба унсурҳои фарҳанги миллии мо тоҷикон хеле мусбат арзёбӣ намуданд ва аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, обу иқлим, иқтисодиёти сабз ва бунёди НБО Роғун самимона ҷонибдорӣ намуданд.          

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа