ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ШУД

    Санаи 16 апрели соли 2026 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори маҷлис раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Мирзоён Раҳмоншо, муовинони раис, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Ҷаласаи мазкур бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло бо таклифи вакилон оғоз намуданд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар се моҳи аввали соли 2026» шунида шуд. Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Қосимзода Нусратулло раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории тартиботи давлатию ҷамъиятӣ, номгузорӣ, кор бо дин, танзими ҷашну маросим, кор бо занон ва ҷавонон шунида шуд. Дар кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати ҳафтум Мирзоён Раҳмоншо муовини якуми Директори Агентии «Тоҷикстандарт» суханронӣ намуда, мавсуф барои иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таклиф ва тавсияҳо баён намуданд.

Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба вусъати корҳои ободонӣ, ҷалби мардум ба созандагӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ корҳо боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Дар идомаи иҷлосия раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло суханронӣ намуда, оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, иҷрои нақшаҳои кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав, таъмини барномаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Роғун ва омодагии фаъолонаи аҳолии шаҳр ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин самтҳо тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас доданд. Аз рӯи масъалаҳои рӯзмарраи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати ҳафтум пушида эълон карда шуд.    

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа