Суханронии Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳозирини гиромӣ, Ҳамватанони азиз!
«Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқ-лоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шудаанд, қабул гардид.»
Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад.
Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дошта, аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд.
Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби парчами миллӣ – яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардидаанд.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардид, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд ва бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон яке аз баландтарин буда, тӯли матоъи рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад.
Мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллилӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.
Парчами давлатии барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Дар баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстиву ватан-парастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъюу талоши бештар мекунанд.
Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».
Саломату сарбаланд бошед!
Добавить комментарий