Таҷлили   Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Роғун

   Рӯзи 24 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло  баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфтанд. Инчунин оиди Парчами давлатӣ  чунин баён намуданд, ки парчам ҳамчун рамзи миллати  озод ва давлати мустақил ба шумор рафта, мояи ифтихори ҳар як миллат мебошад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуда буданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.» Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби  ҳар як фарди  бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор  аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи  давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад…

     Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо баромад намуда тамоми сокинони  шаҳри Роғун ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, сиҳатмандии комил,  хушҳолии рӯзгор ва барори  кору  баракати  зиндагиро орзӯ намуда, инчунин баён доштанд, ки бигузор парчами Тоҷикистони азиз доимо парафшонӣ намояд ва роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи неку дурахшон бошад.

     Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ  

«Тоҷикистон ватани азизи ман», ки дар ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд аз ҷониби Раиси шаҳр  бо Диплом, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар идомаи чорабини кормандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо баромадҳои  дилнишин, ки  васфкунандаи рӯзи Парчами давлатӣ буданд,  таъби ҳозиринро болида гардониданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди  

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                  Раҷабалиева Шоира