ВОХУРИИ ГУРУҲИ КОРӢ ДАР КӮЧАИ ПАСИ МУҲРАҲОИ ШАҲРИ РОҒУН ДОИР КАРДА ШУД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Прокуратураи шаҳри Роғун, ҶСК НБО “Роғун” ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр вобаста ба расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ дар ин кӯча бо сокинону фаъолони он вохурии судманд баргузор карда шуд. Дар чорабинии баргузоркардашуда Саидзода Сунъатулло раиси шаҳри Роғун, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Ғаниев Оятулло-сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Роғун, Файзуллозода Илҳом-сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Шарафзода Баҳром-муовини раиси шаҳри Роғун, инчунин дар ин вохӯри роҳбарияти ҶСК НБО Роғун, Мудирияти Минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун ва дигар мутахассисони дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур, инчунин мутахассисони соҳаи замин, меъмори ва шаҳрсозӣ, КВД “СОКО ва ХМК” дар шаҳр ва нозирони минтақавӣ иштироки фаъолона доштанд.
Дар вохӯрии мазкур, махсусан аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии зуҳуроти терроризм ва экстремизм тавассути тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити оилавӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, омӯзиши илму дониш, технологияи инноватсионии муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткори дар миёни шаҳрвандон, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз ҷониби ҷавонон мисолҳои мушаххас оварда шудаанд. Дар ин вохӯри вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ ки дар миён сокинони ин кӯча ҷой доранд, махсусан риояи ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи дурусти замин, соҳаи маориф, ҷавонон, танзими ҷашну маросим ва дигар масъалаҳои ҷойдошта дар миёни аҳолии кӯчаи мазкур бо далелҳои возеҳ ба сокинон фаҳмонида шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба мавзӯҳои барассишаванда дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ” ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, тантанавӣ фароғатӣ, чорабиниҳои ободонӣ, мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ доир карда мешавад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
