ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Рӯзи 22 майи соли 2026, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идонаи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаҳои гуногун, наврасону ҷавонон ва варзишгарони фаъол иштирок намуданд. Дар чорабинии идона муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром суханронӣ намуда, аз номи раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло тамоми ҷавонони шаҳри нурофарони Роғунро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа ва идомадиҳандагони сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар пешрафти кишвар саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Қайд карда шуд, ки ҷавонони шаҳри Роғун бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ барои ободии Ватан, рушди илму маърифат, аз худ намудани касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои инноватсионии муосир талош намуда, дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд. Ҳамчунин зикр шуд, ки шумораи зиёди ҷавонони шаҳри Роғун имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар дохилу хориҷи кишвар донишҳои муосирро аз худ намуда, барои ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор мешаванд. Бархе аз ҷавонон дар сохтмонҳои бузурги мамлакат НБО Роғун ва соҳаҳои истеҳсолӣ, саноаткунонии миллӣ фаъолияти пурсамар дошта, гурӯҳи дигар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа саҳми арзишманди худро мегузоранд. Дар баробари ин, гуфта шуд, ки ҷавонону варзишгарони шаҳри Роғун низ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта, обрӯйи кишварро дар арсаи ҷаҳон шоиста муаррифӣ менамоянд. Иброз карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҳамеша ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои рушди қобилияти касбӣ, донишандӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҷавонони фаъолу бо бонангу номуси шаҳри Роғун бо садоқат ба давлату миллати худ барои пешрафти Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол хизмат намуда, рисолати шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро менамоянд. Дар ҳамоиши бошукӯҳи мазкур, ҳамзамон аз ҷавонони шаҳри Роғун даъват ба амал оварда шуд, ки дар атрофи сиёсати созандаи давлату миллати худ боз ҳам муттаҳид шуда, дар касбу кори худ бо садоқат фаъолият карда, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори тоҷикона дошта бошанд, аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд, арзишҳои олии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоянд, ҳамеша ҳушёру зирак бошад, худшиносии миллӣ дошта, Ватани худро дӯст доранд, барои ҳифзу ҳимояи Ватан омода бошанд. Инчунин таъкид гардид, ки наврасону ҷавононро мебояд, ки таърих ва фарҳанги миллати худро ҳамаҷониба омӯзанд, иқдомҳо ва ташаббусҳои дохилӣ ва байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро донанд, ба шахсиятҳои хизматнишондодаи миллати точик арҷ гузоранд, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта ва бо пайрави аз сиёсати оқилонаю созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободию созандагӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон самимона ва дар амал саҳми шоистаи худро гузоранд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба як зумра ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун ва варзишгарон бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Пас аз ҷамбасти қисми тантанавии чорабинии барномаи рангини ҳунармандон бахши фарҳанги шаҳр, ки ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон омада гардида буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
