Суханронии Раиси шаҳри Роғун бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

          Ҳамдиёрони азиз, меҳмонони гиромӣ!   Наврӯз падидаи воқеан нодири фарҳангиест, ки рамзҳои нуҳуфтаи зиёд дошта, аз эҳёи табиат дарак медиҳад, ба рӯҳу равони одамон таъсири нек мерасонад ва покиву накӯкорӣ, рӯшноиву зебоӣ ва дӯстиву самимиятро ташвиқ менамояд. Наврӯз рамзи баҳор, зебогӣ, зиндашавии табиат ва рӯзи наву соли нав мебошад. Ба ин хотир Наврӯзи бостонро ба ҳамаи Шумоён хурду калон, пиру ҷавони шаҳри нурофарамон ва ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз табрику муборакбод мегӯям. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст. Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашн тавассути қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи байналмилалӣ, яъне Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб гашт. Халқи тоҷик имрузҳо бо пайравӣ аз суннатҳои гузаштагони худ Наврӯзро бо тамоми унсурҳояш таҷлил намуда, онро ҳифз менамоянд. Дар ин замина мебинем, ки ин иди бостонии аҷдодӣ солҳои охир бо шукуҳу таровати бесобиқа ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил аз ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси муқаддас, покизаву зебо, баҳори эҳёи табиат сол то сол пуршукуҳтар мегардад. Ин ҳама аз сарҷамъӣ ва дар фазои истиқлолияту ваҳдати миллӣ сурат мегирад. Наврӯз идест, ки тамомии сифоти накӯю хислату амалҳои равшаниофару бунёдгузор ва эҳёсози одамият, адлу инсоф, хайру эҳсон дар он таҷассум ёфта, ҳамбастагию якмаромии аҳли башариятро тақвият мебахшад ва оламу одамро аз нав меофарад. Мо тоҷикон миллати васлгаре ҳастем, ки ин хислатро аз гузаштагони бофазлу бохириадамон ба худ мерос гирифтаем. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва роҳи зиндагисозу тамадунофари аҷдодони мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Наврӯз ҳамчун намунаи тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик буда, ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму оин, фарҳангу таърих ва инъкоскунандаи ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгори мардуми мо мебошад.

         Ҳозирини азизу арҷманд! Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадимтар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд. Дар баробари ин, ҷашнҳои мазкур ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадима ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамоянд. Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд.

           Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Роғуншаҳр бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани кӯчаву маҳаллаҳо дар тамоми қаламрави шаҳр мебошад. Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад. Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад. Яке аз таомулу ойинҳои Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад. Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд. Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии кишварамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як диёри обод ва шаҳри пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем. Дар рӯзи оғози баҳору ҷашни фархундаи Наврӯз, ки рӯзи зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ, меҳру муҳаббат аст, орзӯи онро дорем, ки фазои андешаҳои ҳар яки мо низ мисли ин фасл зебо бошад. Бигзор ҳар яки мо мисли ин ҷашни зебо афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем. Баҳри ободиву сарсабзии кишвар ва шаҳри азизамон саҳмгузор бошем. Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми сокинони шарафманди шаҳри Роғун, меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ ва ба ҳамаи шумо ҳозирини муҳтарам самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва  ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад. Наврӯзатон фирӯз бод, Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!  

             Саломату сарбаланд бошед,    ҳамдиёрони азиз!