2 ҳазору 359 нафар шаҳрвандон баъд аз 14 рӯзи карантин ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд
Имрӯз 2 ҳазору 359 нафар шаҳрвандон баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 3 ҳазору 913 нафари дигар ҳоло таҳти назорати карантинӣ мебошанд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 1 феврал то 2 апрели соли равон 6 ҳазору 272 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардида буданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ телефони боварӣ бо рақами 511 ба кор оғоз намуда, шабонарӯзӣ фаъол мебошад. Аз ин рӯ, аз сокинони мамлакат даъват карда мешавад, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран ба рақами 511 занг зада, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Бознашр аз ахборномаи /АМИТ «Ховар»/. ДУШАНБЕ, 02.04.2020
Добавить комментарий