ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ШАРАФЗОДА БАҲРОМ АБДУАЛИМ,
Албатта, соҳаи илму маориф барои рушд ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, дар ҳар давру замон ҷойгоҳи хоса дошта, барои тарақиёти давлату миллат мавқеи аввалиндараҷа дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тавре аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид мебинем, ки самти маориф аз масъалаҳои меҳварию асосии ин паём маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишудаи паёми навбати, ки фарогирии ҷанбаъҳои муҳими тавсеи илму маориф, инкишофи нерӯи зеҳнӣ, омузишӣ технологияҳои пешқадам ва дигар мавзӯҳои мубрам буданд, албатта амалӣ намудани онҳо дар шароити ҷомеи имрӯзаи мо бо мақсади рушди воқеии илму маориф тадбирҳои саривақтию мақсаднок ва ҳадафманд маҳсуб меёбад.
Калидвожаҳо: илму маориф, паём, назария, таҳлил, тавсеи рушд, равандҳои ҷаҳонишавӣ.
Мусаллам аст, ки 28 декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Воқеан, паём фарогири таҳлилҳои амиқ ва шарҳу тавзеҳи мукаммал буда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии кишварро дар бар гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шоҳроҳи бузурги тараққиёт ва тақвияти рушди босуботи кишвар ворид гардидааст, ки натиҷаи ин гуфтаҳо ба таври пурра ва возеҳу равшан дар паём зикр гардидаанд.
Роҳбари давлат, зимни ироаи паём иброз доштанд, ки соли 2023 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор арзёбӣ мешавад, ки ин боиси истиқболу ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Албатта, дар раванди соли сипаришуда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд.
Масалан, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид”, ки ин нишондиҳанда, бозгӯи возеҳи рушди устувори кишвар мебошад. [1]
Яке аз масоили мубрам ва муҳим дар паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф буд, ки вобаста ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Зеро моҳияти сиёсати сарвари давлатамон аз солҳои нахустини роҳбариашон рушди илму маорифро фаро мегирад. Тавре дар яке аз суханрониҳояшон сарвари давлатмон гуфтаанд: “То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст”. Албата метавон гуфта, ки ҷомеаи мо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба нерӯи кории бомаърифат, соҳибихтисос, боистеъдод, навовару эҷодкор ва забондон ниёз дорад. [2]
Аз ин лиҳоз, вазифаи маориф, ҷомеа ва волидон дар мадди аввал аз он иборат аст, ки ба фарзандон дониши илмњои муосир бо навоварињои илму технологияи пешрафтаи ҷаҳони муоссиро омӯзонанд. Барои ба камол расидани онҳо шароити хуб фароҳам оварда, ба тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро василаи асосии рушди ҷомеа ва пешрафти миллату давлат низ маҳз аз ашхоси босавод ва донишманд вобастагии амиқ дорад. [3]
Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим ироа намуда, масоили рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олии кишварро махсусан таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи вижаи роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ин мо масъулини соҳа, аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати толибилмон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққати бештар равона сохта, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги бостонӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон тарбия намоем. Илова бар ин, насли наврасро дар руҳияи ватандустию ифтихори миллӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кардан вазифаи авалидараҷаи волидону омӯзгорон мебошад. Яъне, ба ибораи рангини Пешвои муаззами миллат: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозад, ки аз самти иму маориф аз муҳимтарин мавзӯи марказии дар паёми навбатии пешвои муаззами миллатамон мебошад.
Воқеан ташаккули неруи инсонӣ, рушди илму маърифат, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ба рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш зарур мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла иброз доштанд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд”. [4]
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли илму маориф мебошад. Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, крмадони соҳаи илм дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати оқилонаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар меҳвари паёми Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифт. Вобаста ба ин масъала сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар паём гуфта шудааст, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.[5]
Албатта ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Бо ин роҳбари давлат дар назди ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти давлати вазифаҳои заруриро вогузор карданд. Тавре аз паём бармеояд, агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст, илова бар ин, дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.
Вижагиҳои махсуси таваҷҷуҳи ҳукумати кишварамон нисбат ба соҳаи маориф аз назари созмонҳои байналмилали низ канор намондаааст, ки тибқи таҳлилҳои созмони ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Дар робита ба ин, гуфтан ба маврид аст, ки таҳлилҳои воқеӣ мисоли возеҳи ин гуфтаҳост.
Дар радифи ин, дар ин паёп сарвари давлатамон бо ишора ба дастгирии ҳамаҷониба нисбати соҳаи маориф ироа доштанд, ки бо мақсади рушди соҳаи илму маориф ман ҳеҷ чизро дареғ намедорам. [6]
Ҳоло дар раванди бархурдҳои тамаддунии ҷаҳони рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафтҳои илмҳои риёзию техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин лиҳоз, захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии кишвари мо, инчунин тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор гарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои мо имконият фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон саҳмгузор бошем. Ин пеш аз ҳама масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва донишҳои устувори соҳавиро тақозо менамояд. Дар ин марҳала бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд.
Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд. Дар шароити ҷаҳони муосир ислоҳоти дурусти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва омили пешрафти ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. [7]
Хулоса, асри ХХI марҳилаи пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар чунин шароит рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз имкониятҳои воҷеии неруи зеҳнӣ, пешрафти иқтисодиёти сабз, аз ҷумла рушди ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дорад.
АДАБИЁТ:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-5с.
- Сайдаҳмадзода Д.Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ. (мақолаи илмию оммавӣ) https://apa.tj.
- Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон. Нашриёти «Ношир», Хуҷанд-2023. (маводи Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон” бахшида ба ифтихори 145 солгаии қаҳрамони Тоҷикистон бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва рӯзи илми тоҷик) http://noshir.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-42с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-41с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 12.2023. 16:00, шаҳри Душанбе:https://khovar.tj.
- Саидзода Ш. Рушди маориф масъалаи калидии паёми Пешвои миллат.(мақолаи илмию оммавӣ), http://tsulbp.tj.
НАУКИ И ОБРАЗОВАНИЯ В
ПОСЛАНИЕ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, УВАЖАЕМОВО ЭМОМАЛИ РАХМОНА
Конечно, сфера науки и образования занимает особое место для развития и прогресса различных социально-экономических сфер в каждую эпоху, занимает первоочередное положение для развития государства и нации.
В Республике Таджикистан сфера образования находится в центре внимания правительства страны и рассматривается как приоритетное направление государственной политики. Согласно посланию Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона Верховному Собранию Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики», которое было вручено 28 декабря 2023 года, видно что направление образования является одним из ключевых вопросов этого послания. С этой точки зрения, комплексное исследование обсуждаемых вопросов следующего послания, включающее важные аспекты развития науки и образования, развития интеллектуальной мощи, обучения, передовых технологий и другие важные темы, конечно же, их внедрение. в условиях нашего современного мира в целях реального развития науки и образования являются своевременными и целенаправленными мерами и считаются целенаправленными.
Ключевые слова: наука и образование, послание, теория, анализ, расширение развития, процессы глобализации.
SCIENCE AND EDUCATION IN ARE AT THE CENTER OF THE
MESSAGE OF THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN, RESPECTED EMOMALI RAHMON
Of course, the sphere of science and education occupies a special place for the development and progress of various socio-economic spheres in every era, and occupies a priority position for the development of the state and nation.
In the Republic of Tajikistan, the education sector is the focus of attention of the country’s government and is considered a priority area of state policy. According to the message of the President of the Republic of Tajikistan, the Honorable Emomali Rahmon to the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan “On the main directions of the domestic and foreign policy of the Republic,” which was delivered on December 28, 2023, we see that the direction of education is one of the key issues of this message. From this point of view, a comprehensive study of the issues discussed in the next message, including important aspects of the development of science and education, the development of intellectual power, training, advanced technologies and other important topics, of course, their implementation. in the conditions of our modern world, for the purpose of real development of science and education, they are timely and targeted measures and are considered targeted.
Key words: science and education, message, theory, analysis, expansion of development, globalization processes.
Добавить комментарий