ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА БАРОБАРИ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ ДОИР ШУД

 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна табъиз” дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида баэълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ҷалби ҷавонон, масъулини шӯрои маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини дахлдори шуъбаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, мақомоти васояту парастори, комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғурта ва нафақа, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаҳои томактабӣ ва дигар масъулини дахлдор чорабинии иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ тавасути иродаи маърузаю суханрониҳо баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б., кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Икрамова З., Сангова Ш. ва Сафаргули Ш. суханронию маърӯза намуданд.