Баргузории ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистондар шаҳри Роғун
Санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи дирексияи ҶСК «НБО»-и Роғун ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсозии Шӯрои ҷаъмиятии шаҳри Роғун таҳти «Нақши Пешвои миллат дар бунёди НБО- Роғун ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи мазкур Раиси ҷамъиятии Шӯрои шаҳри Роғун, раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, Директори Генералии ҶСК «НБО-Роғун» Сафарзода Хайрулло, ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеа, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ҷаласаро котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло оғоз бахшида, суханро ба раиси шаҳр, раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло доданд.
Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло сараввал ташрифи меҳмононро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагӣ ва сокинони шаҳри Роғун ба шаҳри нурофари Роғун самимона хайру мақдам гуфта, ба ҳамагон дар иҷрои вазифа ва уҳдарориҳои хизматӣ барору муввафвқиятҳо ва дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои тоза ба тозаро таманно намуданд.
Раиси шаҳри Роғун дар идомаи сухан оид ба иқдоми Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози ақида намуда, ташкили чунин мизи мудаввар доир ба нақш ва саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти муҳиму тақдирсози миллат НБО-и Роғун ва аҳамияти байналмилалии онро шоистаи ҷорнибдорию дастгирӣ донистанд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои тағриботӣ беҳтарин васила барои тарғиби ҳисси баланди ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва тараннуми арзишҳои сулҳу истиқлоли давлатӣ буда, бунёди НБО-и Роғун шоҳкории бемисли аср маҳсуб ёфта, кас пас аз тамошои ин шоҳкорӣ ба ин гуфтаҳо боварию эътимоди комил пайдо менамояд.
Роғун ин корзори нангу номуси миллӣ, ифтихору шарафи бузурги ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Иншооти бузурги аср НБО-и Роғун бо талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид ва ин шоҳкории бузург дар пешравию пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда гузошта, Тоҷикистони моро ба сӯйи ободонию созандагиҳои бемисл роҳнамун месозад.
Баъд аз суханронии раиси шаҳри Роғун дар кори мизи муддавр, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Аброри Шукӯҳиддин, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобахш Шарифамоҳ Орусбек, оид ба нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёди НБО-и Роғун ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти азими аср суханронӣ намуда фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз тарафи Директории Генералии ҶСК «НБО-Роғун» Сафарзода Хайрулло маълумоти муфассал пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд. Мавсуф оид ба рафти корҳои сохтмонӣ маълумотҳои дақиқро баён намуда, инчунин аз иҷрои корҳои сохтмон бо истифода аз наворҳои телевизионӣ ва бо иртибот гирифтан бо муҳандисону сохтмончиён аҳли ҷамъомадро бо корномаҳои беназири сохтмончиёни сохтмони азими аср шинос намуданд.
Дар рафти кори Шӯрои ҷамъиятӣ инчунин аз тарафи намояндагони васоити ахброри омма дар хусуси НБО-и Роғун ва нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёди ин Кохи Нур андешаҳо иброз гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки НБО-и Роғун барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон, равшанӣ, гармӣ ва ҳам ризқу рӯзии фаровон медиҳад.
Дар охир миёни ҳайати намояндагӣ аъзоёни Шӯро, васоити ахбори омма музокира ба амал пайваст, ки иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба бузургию манфиати аҳамияти стратегӣ доштани НБО-и Роғун дар пешравии Тоҷикистон ва нақши калидии Пешвои миллат, заҳмату хизматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллату давлат дар бунёди ин иншооти тақдирсоз баён доштанд. Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои рӯзнома ва таклифу пешниҳоди ироашуда қарорҳои дахлдор қабул кард. З.Давлатова
Добавить комментарий