Вохӯрии раиси шаҳр бо аҳолии шаҳр дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 01.05.202401.05.2024 No Comments Санаҳои 18-19 уми апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Ҳисориён Зафар, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ; Сафарзода Бахтибек – прокурори шаҳри Роғун, Акобирзода Дилшод-сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Назарзода Икром- сардори шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Маҳмадалиев Диловар – сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, Шарифзода Саидхоҷа –судияи суди шаҳри Роғун, Абдуллоев Сироҷиддин –комиссари ҳарбии шаҳри Роғун, Қосимзода Нусратулло- раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва дигарон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ҷиҳати ободонию бунёдкорӣ, тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии шаҳрвандон, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар нуқтаҳои муҳими суханронии Пешвои муаззами миллат, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои доғи рӯз бо раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва сокинони минтақаи Шер Аваз, деҳоти Қалъаи нав, Чашмаи Куллои ҷамоати деҳоти Қади об ва сокинони ҷамоати шаҳраки Оби гарм вохӯрии судманд анҷом дод. Вохӯрии мазкурро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оғоз намуда, доир ба муҳимият ва зарурати баргузории чунин сӯҳбату мулоқот бо қишри гуногуни аҳолии шаҳр ибрози ақида намуд. Сипас раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло ба сухан баромада, қайд намуданд, ки вохӯрии имрӯза дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардида, мақсад ва ҳадафи асосии он ба аҳолӣ расонидани аҳамият ва моҳияти масъалаи мазкур мебошад. Раиси шаҳр аз ҷумла иброз доштанд, ки имрӯзҳо бархурди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо, ҳамаи моро водор месозад, ки сари ин масъалаи ташвишовар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоем ва нисбати ин падидаҳои манфӣ бетафовут набошем. Раиси шаҳр дар идомаи суханронии худ аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки нисбати масъалаҳои зикршуда ҳар яки моро лозим ва зарур аст, ки ҳасси баланди хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ зоҳир намуда, барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зиёдаравию бегонапарастӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, аз бар намудани либоси ба фарҳанги мо бегона ва дигар зуҳуроти манфии ҷомеа муборизаи беамон бурда, фарзандон ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, дӯст доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, донишандӯзиву забондонӣ ва аз бар намудани илму маърифат таълиму тарбия намоем. Доир ба масъалаҳои дар боло зикргардида, ҳайати гуруҳи корӣ- роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар иштирокчиён ибрози назар намуда, фаъолияти муташаккилонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва аҳли ҷомеаро дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва решакан намудани падидаҳои манфури рӯзгори мардуми мо самарабахш арзёбӣ намуданд. Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий