Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ
Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Роғун санаи 25- уми апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ
баргузор гардид. Дар кори Шӯро муовини раиси шаҳри Роғун муҳтарам Шарафзода Б, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шақраку деҳот ва дигар даъватшудагон ширкат доштанд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯро як масъала; «Сабаби омилҳои зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасони шаҳри Роғун » мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Нисбати масъалаҳои зикргардида масъулин баромад намуда, саволу ҷавоб миёни ҳозирин ҷараён гирифт. Прокурори шаҳри Роғун Сафарзода Бахтибек нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ибрози андеша намуд. Ҳамзамон вобаста ба масъалаи Шӯро аз ҳама иштирокчиён махсусан мудири шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар даъватшудагон даъват ба амал оварданд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани ин қишри ҷомеа, зери назорати доимӣ гирифтани ҳаракату рафтори онҳо саъю талоши зиёд намуда, фаъолияти хешро дар ин самт пурзур намоянд.
Добавить комментарий