БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ, ТАҲКИМИ РОБИТА БО ҶОМЕА ВА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ДАР ДЕҲАИ ҚАНДАК,ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа бо сокинон, дар деҳаи Қандаки Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, масъулини соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, масъулини соҳаи дин ва танзими ҷашну маросим, раиси ҷамоати шаҳрак, раисони шӯрои маҳаллаҳои ҷамоат, аъзои гурӯҳи кории комиссияи давъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи маҷлис ва дигар мавзӯҳои дахлдори ҳаёти ҷомеа ба ҳозирин суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқотҳои мазкур ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд, инчунин оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткории наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар ин вохӯри ҳамзамон, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим, маориф, ҷавонон ва сиёсати давлатии чавонон, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар соҳаи худидораи шаҳрак ва деҳот, таҳкими корҳои идеологӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва муҳоҷират, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд. Дар маҷлиси мазкур оиди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 феврали соли 2026 таҳти рақамӣ 1143 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбе, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба аъзои гурӯҳи кории комиссияи давъватӣ, Шӯрои маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаи мазкур фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Дар ин вохури, инчунин оиди боз ҳам баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, фарҳанги шаҳрдорӣ, тозагию ободкории дар маҳалли зист, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои ободонӣ дар соли 2026 дар шаҳри Роғун суҳбат ва таклифу пешниҳоди созанда ироа карда шуданд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
