Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»
Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар доираи баргузории Фестивали Ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 №АП-470 оид ба “Ҷадвали намоиш, ид ва озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар якҷоягӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳрокимияти давлатии шаҳр намоиш – фурӯши чакан ва ҳунарҳои мардумиро баргузор намуда, дар ин замина даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан”-ро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки баргузории намоиш-фурӯши чакан ҳунарҳои мардумӣ ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои гиромидошти асили фарҳангӣ буда, ҳадаф аз гузаронидани он тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидузиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш ва муаррифӣ намудани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.
Мақсади асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни бойю рангин, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки даври ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши чакан дар муассисаи давлати театри “Аҳорум” аз санаи 15 то 19 уми апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва ҳунармандони шаҳри Роғун бо муаррифӣ намудани либосҳои миллӣ ва сӯзанидузию гулдузиҳои ватанӣ иштироки фаъолона намуданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оила Зоидова А.