ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА, ҲАМЗАМОН ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ШОҲИ АСЛОН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

     Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ дар миёни сокинони деҳаи Шоҳи Аслон Ҷамоати деҳоти Сичароғ баргузор шуд. Дар чорабинӣ Шарафзода Б. муовини раиси шаҳри Роғун, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Н, намояндаи шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Роғун, ШВКД дар шаҳр, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Худоёрзода Қ., раиси Ҷамоати деҳоти Сичароғ Шоев С., инчунин масъулини соҳаи кор бо дин танзими анъана ва ҷашну маросим, ходимони дин ва дигар шахсони дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои дахлдори соҳавӣ самт ба самт тибқи талаботи нақша ба ҳозирин маърӯзю суханронӣ карданд.
      Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, омилҳои савдои одамон, коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҷомеа, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Роғун ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд.
     Баъд аз баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи корӣ аз муассисаи таълимӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ иншооти роҳу нақлиёт дар мавзеъ диданд карданд.