СЕМИНАРИ МАШВАРАТИЮ ОМӮЗИШӢ БО СОҲИБКОРОНИ ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

        
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегиии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне саноаткунонии миллӣ ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии бахши хусусӣ бо ҷалби шарикони рушд бо соҳибкорони шаҳр семинари омӯзишӣ ва машварати корӣ доир карда шуд.
Дар кори ин машварат муовини якуми Директори Агентии “Тоҷикстандарт” Мирзоён Раҳмоншо, раиси шаҳри Роғун Саидзода С., муовинони раиси шаҳри Роғун, роҳбари дастгоҳи раис, соҳибкорони муваффақ ва шарикону сармоягузорон аз Фонди Оғохон, Фонди рушди соҳибкорӣ, Фонди рушди кишоварзӣ ва дигар шарикони рушд аз ташкиллотҳои ҳамкори байналмиллалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок доштанд.
Шарикон ва сармоягузорон имкониятҳо ва талаботҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи худро бо бахши хусусӣ бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин фаҳмонида, имкониятҳои ҳамкориҳои худро рӯнамоӣ карданд. Дар ин машварати корӣ ва омузишӣ таклифу пешниҳоди муфид, аз ҷониби соҳибкорон ва шарикони рушд бо мақсади ҳамкориҳои минбаъдаи судманд, инчунин дастгирии бахши хусусӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун иброз доштанд.
Дар машварати мазкур, ҳамзамон иброз карда шуд, ки шаҳри Роғун дорои имкониятҳои зиёди рушду тавсеаи соҳибкорию сармоягузорӣ ва иқтидорҳои зиёди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ин аст, ки бо ташаббуси масъулини мақомоти шаҳрдорӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 апрели соли 2023 қабул карда шудааст.
Дар семинари машваратӣ вобаста ба амалӣ гардонидани бузургтарин лоиҳаҳои сохтмони, лоиҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар шаҳри Роғун бунёд мегарданд ва корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо маром идома доранд ибрози назар карда шуда, қайд гардид, ки рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳаётан муҳим имкон додааст, ки дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон, бештар аз 2000 нафар шаҳрвандони шаҳри Роғун низ дар ин лоиҳаҳои бузург кору фаъолият намуда, дар ободонии ватани азизамон, саҳмгузор мебошанд.
Дар машварати корӣ вобаста имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна, рушди сайёҳию соҳибкорӣ, сайёҳии табобатӣ, ташкили меҳмонхонаҳо ва ҳостелҳо, азнавсозию бунёди осоишгоҳҳо, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсоли хушкмева ва коркарди шир, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолии хизматрасонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар хотима ҳозирин ва меҳмононро масъулини мақомоти шаҳрдорӣ барои иштирокашон дар чорабинии болозикр хайрамакдам гуфта, барои дар оянда тақвият додани рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва вусъат додани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар шаҳр изҳори ҳавасмандию омодаги карда шуд.
15.04.2024 ш. Роғун