Иҷлосияи бистуми вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум

     

12 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Иҷлосияи бистуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2024;
  2. Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, замин, ҳифзи табиат, омор, рушди деҳот, меҳнат ва муҳоҷират дар бораи ташкили фонди манзил барои эҳтиёҷмандони шаҳр, пешравию комёбиҳои соҳа ва чораҷӯӣ дар самти беҳтар намудани кору фаъолият;
  3. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025»;
  4. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 11 апрели соли 2022, №11;
  5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия;

Иҷлосия бо таклифи вакилон аз тарафи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз гардид. Оид ба масъалаҳои Иҷлосия масъулин бармад намуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.