Табрикоти Наврӯзии Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло
Ҳамдиёрони азиз
меҳмонони гиромӣ!
Имрӯз дар саросари кишвари биҳиштиамон Соли нави аҷдодии мо – НАВРӮЗ бо шукӯҳу шаҳомати ҳамешагӣ таҷлил мегардад.
Шукргузорӣ аз рӯзгори осудаи кишвар менамоем, ки боз ба баҳор расидем.
Қадамҳои фархундаву хуҷастаи Наврӯзи гулрезу гулафшон ва фарорасии фасли арӯси солро ба дилу дидаҳои ҳамаи Шумо хайрамақдам мегӯям.
Орзуманди иттиҳоду ҳамбастагӣ ва саодату нишоди ҳамешагии ин миллати сарбаланд ҳастам.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъмултарин ҷашнҳои аҷдодии мо маҳсуб ёфта, ганҷинаест аз суннатҳои зебову дилпазири ниёгонамон. Чун ба сарчашмаҳои таърихию рисолаҳои илмию фалсафӣ ва ашъори оламшумули назмию насрии классикони адабиётамон назар намоем, мебинем, ки Наврӯз дар асрҳои 10-11-и пеш аз мелод тавлид гашта, оғози ин ид дар Осиёи марказӣ таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бисёр ба маврид таъкид намудааст: «Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, ба вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён аз насл ба насл то замони мо овардааст».
Дар айёми Наврӯз кинаву адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат, ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани харобаву вайронахо ва чандин кору амалҳои шоиста ба фарзу суннати ҳамешагии мардум табдил ёфтааст.
Яке аз суннатҳои наврӯзӣ ин шинонидану сабзонидани ниҳол буд.
Ин расми некуи ниёгон низ имрӯзҳо давом дорад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар саросари шаҳри Роғун корҳои бунёдкориву ободонии маҳали зист бо маром идома дорад. Тӯли як сол дар майдони 18 гектар боғҳои нав ва барқарорсозии 4,5 гектар боғҳои кӯҳна ба анҷом расонида шуд.
Дигар аз суннатҳои наврӯзӣ ҷуфтбаророн буда, кишти нахустини ғалладона низ маҳз дар рӯзи Наврӯз иттифоқ афтодааст. Кишоварзони шаҳр бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рафъи бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ, ки ба инсоният таҳдид дорад, дар майдони 1144 гектар кишти тирамоҳии ғалладона гузаронида шуд. Имрӯзҳо деҳқонони шаҳр аз рӯзҳои офтобии фасли баҳор истифода намуда, ба замин донаи мурод мепошанд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО-и «Роғун» 480 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта, 33 миллион сомонӣ ё 107,4 фоиз зиёд мебошад.
Халқи тоҷик аз азал ба бунёдкориву созандагӣ машғул буд ва ин ду мафҳум, ки омили пешрафту саодати мардуми мо ба шумор меравад, шиори сокинони шарафманди шаҳри Роғун қарор гирифтааст. Рафти корҳои сохтмонӣ дар ин шаҳр умеди моро ба ояндаи дурахшони ин минтақа даҳчанд қавӣ мегардонад.
Аз Наврӯз то Наврӯз раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ин самт чораву тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр беш аз 105 иншоотҳои таъиноти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Ба истиқболи ин ҷашн сокинони сарбаланд ва соҳибкорони бонангу номус тасмим гирифтаанд, ки дар ободиву пешрафт ва рушди ин гӯшаи диёр саҳмгузорӣ намоянд.
14 декабри соли 2022 аз ҷониби маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид панҷумин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо бо ҷонибдории беш аз 153 узви ин созмони бонуфуз пуштибонӣ ёфт ва гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад. Ин рӯйдоди неку фараҳбахш барои ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик, махсусан сокинони шаҳри Роғун мояи ифтихору сарфарозист.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар ҳамаи шуморо ба фарорасии ҷашни Наврӯзи фархундапай табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тинҷиву осудаҳолӣ ва бахту саодатро орзу менамоям.
Бигузор нияту армон ва орзуҳои наврӯзиатон дар ин баҳор ҷомаи амал пӯшанд ва зиндагиатон рангин бошад.
Иқболу саодати наврӯзӣ насибатон бод.
Наврӯзатон муборак бод,
ҳамватанони азиз!
Добавить комментарий