Бунёди муассисаи таълимӣ дар шаҳри Роғун

Ба муносибати пешвозгирии ҷашни Наврӯз ҳамасола дар шаҳри Роғун тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида ба истифода дода мешаванд.

         Бо ин мақсад санаи 21 марти соли 2023 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ   дар деҳаи Сесангаи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм муассисаи  таълимӣ №11  баҳри ба таълим фаро гирифтани мактаббачагони деҳаи мазкур сохта ба истифода дода шуд.