ҶАШНИ НАВРӮЗ – ОМИЛИ МУҲИММИ ВАХДАТУ ЯГОНАГӢ

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум гардидааст, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшед мебошад. Олимону шоирон, аз ҷумла Хайём, Берунӣ, Наршахӣ, Гардезӣ низ ин нуқтаро дастгирӣ менамоянд. Наврӯз дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон бо хусусиятҳои хосаш ҷашн гирифта мешавад. Пеш аз ҳама, хонаҳои худро тоза мекунанд, деворҳоро сафед менамоянд, гандум ё ҷавро дар зарфе месабзонанд ва аз он суманак мепазанд.

Дар вақти пухтани суманак асосан занону духтарон бо кафгири калон дегро то саҳар мекобанд, дар гирди дег сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Бештар дубайтиҳо, рубоиҳои ишқӣ, баҳорӣ ва  наврӯзӣ суруда мешавад. Дар баробари тоза кардани хонаю ҳавли мардум дастархони идона ороста, дар руйи он нозу неъмати зиёд мегузоранд. Дар руйи дастархон дар тақсимчаҳо ва табакҳо ҳафтшину ҳафтсин мегузоранд.

Дар рӯзҳои Наврӯз ҳунарҳои гуногунро мардум нишон медиҳанд, аз ҷумла дорбозӣ, гуштингирӣ, аспакбозӣ, дойразанӣ, кабкҷанг, тухмбозӣ ва монанди инҳо, ки тамошобинон аз он лаззат мебаранд.

Дар айёми Наврӯз ҳама хурсанди мекунанд, духтаракон аз навдаҳои бед кокул мебофанд ва суруд мехонанд. Ҳамсояҳо ба хонаи ҳамдигар медароянд, барои дидорбинӣ,  дастгирӣ намудани пиронсолон фарзандон ва хешу таборон ба назди онҳо мераванд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон дар иди Наврӯз бузкашӣ низ гузаронида мешавад, ки барои тамошои он аз ноҳияҳои гуногун мардум ҷамъ меоянд.

Дар ҷашни Наврӯз мардум либосҳои нави ранга мепушанд, вале як қисми онҳо ба либоси рангаш сафед аҳамият медиҳанд, зеро дар гузашта ин рангро рамзи поки, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор мешумурданд.

Хамин тавр, дар вакти гузаронидани ҷашни Наврӯз, ки расму оинҳои пурасрори зиёдеро дорад, мардуми ноҳияҳои гуногуни Точикистон бо хусусиятҳои хоси худ онро ҷашн мегиранд.

Дар натиҷаи сохибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарзамини бостонии мо ҷашну маросимҳои қадимаамон эҳё гардида, бо шарофати онҳо дустию рафоқати байни шахрвандон торафт мустаҳкам мегардад. Дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Бузургдошти Наврӯз, умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тули садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст».

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс ва дигар халқҳои ҷаҳон буда, аз замонҳои кадим ҳамчун санаи бунёдкорӣ, дӯстию бародарӣ қайд карда мешавад.

Моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 64-уми худ қарор қабул намуд, ки ҳар сол 21- уми март хамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз талил карда шавад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи рузҳои ид» ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат ва оғози мавсими киштукори баҳорӣ аст.

  1. Ба туфайли тайёрӣ ва тачлили Наврӯз дар мамлакат, пеш аз ҳама, дар самтҳои зерин: мустаҳкам намудани ваҳдат ва ягонагӣ; тараннуми сулҳу дустӣ бо халқҳои ҷаҳон; меҳрварзӣ, некию эҳсон намудан ба инсон; саҳми арзанда гузоштан дар ободии Ватани азиз ва нигоҳ доштани сулҳ дар руйи замин кор бурда мешавад.
  2. Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз умри дубора дида, бо ҳама шукуҳу тантана гузаронида мешавад. Ба муносибати пешвозгирии ҷашни Наврӯз ҳар сол дар мамлакат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, боғу токзорҳои нав, хусусан гулзор кардани ноҳияю шаҳрҳо, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин, эҳё намудан ва рушди шаклҳои кадимаи варзишии ниёгонамон барин чорабиниҳо андешида мешаванд.
  3. Дар натиҷаи тайёрӣ ба ҷашнгирии Наврӯз дар мамлакат на танҳо сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад, балки инчунин, се рукни ахлоқии инсон – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек амалан рушд ёфта, мустаҳкам мешавад.
  4. Дар яке  суханрониҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ қайд карданд, ки «Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд».