Хуш омади Наврӯзи аҷам

       Боиси хушнудии ҳамагон аст, ки имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоcса таҷлил гардида истодааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукуҳу шаҳомати бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад.

         Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри нурофари Роғун шоми 20 март бо оростани гулхани Наврӯзи ва  ташкил намудани чорабиниҳои идона, пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр  кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ ва баргузории дигар суннатҳо  оғоз гардида,   субҳи  21 марти соли ҷорӣ Корвони наврӯзӣ бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон вориди базмгоҳи наврӯзӣ гардиданд.

           Дар чорабинӣ намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ба марази тамошобинон пешниҳод гардид, ки он аз дастранҷи ҳунармандон гувоҳӣ медод. Пас аз анҷоми намоиши ва сайру гашти идона дар майдони Исмоили Сомонии  шаҳр чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар қисмтаи тантанавии чорабинӣ Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло бо суханони табрикоти ҳозиринро шодбош гуфт. Инчунин, дар ин чорабинии пуршукуҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон иштирок ва суханронӣ намуда,  паёми шодбошии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинони сарбаланди  шаҳри Роғун расонданд. Сипас, як қатор фаъолони шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр бо «Ифтихорнома» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қадрдони гардиданд.-

Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр  бо созу навои худ дилработар  намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Роғун аз 9 декабри соли 2022, № 220 «Дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023» ва нақшаи чорабиниҳо сайру гашти оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ташкили вохӯрию  мулоқот бо аҳолӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, баргузор намудани семинар-машваратҳо вобаста ба таърихи Наврӯз ва пайдоиши он дар муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили шашкаю шоҳмот ва  ташкили озмунҳои гуногун дар муассисаҳои  таълимӣ ва кадбонувони шаҳр, шинонидани ниҳолҳо, ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву растаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, насби шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳои махсуси идона, намоиш ва фуруши маҳсулоти хоҷагии халқ, нашри маводу мақолаҳо бахшида ба ин ҷашн дар  рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун», сабт ва инъикоси чорабиниҳо тариқи васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, низ ба роҳ монда шуданд.    

 

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.