ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР ГАРДИД

 
Санаи 01 апрели соли 2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Роғун чорабинии идона бахшида ба рӯзи даъватшаванда бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулини соҳа, ҳамзамон ҷавонону наваскарон ва волидайни онҳо дар фазои идона баргузор гардид. Баъд аз қисмати тантанавии чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ҷавонони ҳозиршуда бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватандорӣ ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
ш.Роғун