Мулоқотҳои  судманд бо сафири Сафоратхонаи  шоҳигарии Арабистони Саудӣ

    

14 марти соли 2023   муовини якуми  раиси шаҳри Роғун муҳтарам Файззода Раҳматулло бо сафири сафоратхонаи  шоҳигарии Арабистони Саудӣ  оид ба  дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои  аз нав сохта ба истифода  додани беморхонаи сироятӣ ва азнавсозии шабакаҳои коррезии шаҳри Роғун мулоқот карданд.

Зимни суҳбат муовини якуми раиси шаҳри Роғун аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти  кишвар  изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Вохурӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида,  зимни вохӯрӣ ҷонибҳо  алоқамандии  тарафайнро ба густариши минбаъдаи  робитаҳо  баён доштанд.

Мутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                    Забирзода Мутриба