Вохӯриҳои судманд
Аз санаи 1 марти соли 2023 оғоз гардида дар қаламравӣ шаҳри Роғун бо мақсади тақвият додани корҳои идеологӣ нақшаи баргузории вохӯриҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, вобаста ба доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба масъалаҳои ободонию бунёдкорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзу ҳимояи Ватан, хизмати ҳарбӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, бахусус экстремизму терроризм, татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдори соҳа, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии шаҳрвандон, фаҳмонидани мафҳум ва моҳияти ҷашнҳои миллию давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Вохӯриҳои мазкур бо иштироки Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва сокинони қаламрави шаҳр баргузор гардида истодааст.
Дар вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз изҳори ақида намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи сулҳу субот, амну амонӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, дар роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас ва амалӣ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар саъю талош намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон вохӯриҳо дар маркази шаҳр, ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ва ҷамоати деҳоти Қади Об баргузор гардида, вохӯриҳо дар ин самт то 16 марти соли ҷорӣ идома дорад. Масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ равона сохта, дар роҳи пешравию ободонии кишвар ҳиссагузор бошанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий