Амалишавии лоиҳаҳои Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар шаҳри Роғун

        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, дар  ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва беҳтар гардидани шароити рушди маҳал,  лоиҳаҳои сармоягузориро дар доираи татбиқи амалии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, дар шаҳри Роғун  4  лоиҳаро ба маблағи 405,0  ҳазор сомонӣ дар давоми соли 2019,  амалӣ  кардааст.

       Ба лоиҳаҳои мазкур, аз ҷумла дохил мешаванд: «Пешгирии лағжиши замин тариқи бунёди сохтмони обпарто дар деҳаи Деҳқонобод» ба маблағи 151,0 ҳазор сомонӣ, «Пешгирии фаромадани тарма тариқи бунёди пешгирии зидди тарма, дарахтшинонӣ ва кишти алафҳои бисёрсола дар масоҳати 6 гектар дар деҳаи Хубдара» ба маблағи 102,0 ҳазор сомонӣ, «Пешгирии фарсоиши хок бо усули БИО муҳандисӣ-дарахтшинонӣ дар масоҳати 1 га дар деҳаи Ҷавонӣ» ба маблағи 44,0 ҳазор сомонӣ, инчунин ҷалби занон ба занбури асалпарварӣ бо теъдоди 400 қуттӣ ба маблағи 108,0 ҳазор сомонӣ.

    Дар соли 2020, 7 лоиҳаи дигари сармоягузорӣ дар ҳаҷми 983,0 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаанд, ки инҳо «Сохтмони купрӯки чорвогузар воқеъ дар мавзеи Ҷавонӣ-дараи Себҳо» ба маблағи 151,0 ҳазор сомонӣ, «Сохтмони купрӯки чорвогузар воқеъ дар деҳаи Азизи Бодомак» 77,0 ҳазор сомонӣ, «Сохтмони купрӯки чорвогузар воқеъ дар деҳаи Ҷавонӣ-Уғридара» ба маблағи 118,0 ҳазор сомонӣ, «Пешгирии лағжиши замин тариқи бунёди сохтмони обпарто дар деҳаи Хубдара» 209,0 ҳазор сомонӣ, «Пешгирии фаромадани тарма тариқи бунёди пешгирии зидди тарма-дарахтшинонӣ ва кишти алафҳои бисёрсола дар деҳаи Қандак» 144,0 ҳазор сомонӣ, «Пешгирии фарсоиши хок бо усули БИО муҳандисӣ-дарахтшинонӣ дар масоҳати 1 га дар деҳаи Қандак» 44,0 ҳазор сомонӣ ва «Ташкили маркази хизматрасонии техникӣ» 240,0 ҳазор сомонӣ мебошанд.

     Дар соли  2021 аз тарафи Барномаи мазкур баҳри инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон 5 лоиҳа дар маҷмӯъ 2 309,9 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шуд, ки инҳо;

      1.Сохтмони гармхона дар ҷамоати шаҳраки Оби Гарм кучаи О.Каримов-127,4 ҳазор сомонӣ.

 2.Сохтмони бинои ҷойгиршавии муввақатӣ, расонидани кӯмакҳои аввалиндараҷа ва ҷойгиршавии муввақатии аҳолии зарардида воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм деҳаи Калтаҳо-1 547,4 ҳазор сомонӣ.

   3.Пешгирии лағжиши замин, тариқи сохтмони  обпарто дар деҳаи Дараи Тутак-249,9 ҳазор сомонӣ.

     4.Пешгирии кучиши замин тариқи деворҳои муҳофизати деҳаи Калтаҳо -192,3 ҳазор сомонӣ.

   5.Ташкили фонди гардиши бо мақсади дастрасӣ бо тухмии хушсифати картошка дар деҳаи Гули Сурх-192,9 ҳазор сомонӣ.

      Дар давоми солҳои 2014-2020 дар ҳамкорӣ бо Хадамоти Оғохон  дар соҳаи  тандурустӣ дар минтақаи Рашт аз курсҳои бозомӯзи тиббии оилавӣ 10-табиб, 38-ҳамшираи тиб гузаштаанд.

      Семинар омӯзишҳо дар байни табибон ва кормандони тиб давра ба давра оид ба бемориҳои мавсимӣ ва бемориҳои сирояткунанда низ  гузаронида мешавад.

    Дар раванди бунёдкорию азнавсозӣ, таъмири капиталии 3 маркази саломатии деҳотӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, таъмири 5 ҳуҷраи амбулаторияи тибби оилавӣ дар  шаҳраки Оби Гарм ва сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло, Луғур ба истифода дода шудааст, ки бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.

   Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус «COVID-19» дар соли 2020 аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар минтақаи Рашт маводҳои муҳофизати инфиродӣ, маводҳои безараргардонӣ ва дигар маводҳои тиббӣ (ниқоби тиббӣ, дастпӯшаки тиббӣ, хлор, спирт, ҳароратсанҷӣ фасилавӣ ва симобдор, айнаки муҳофизатӣ, либосҳои муҳофизатӣ, дорупошак, курпа, матрас, ҷилди курпаю болишт,  музаҳои резинӣ) ба маблағи 80556 сомонӣ таъмин карда шуд.

     Аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар давоми се соли охир ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун дар маҷмуъ, ба маблағи 3 миллиону 697 ҳазору  900 сомонӣ сармоягузорӣ  карда  шудааст.

 

Муовини якуми раиси                                                                                                                ш. Роғун Файззода Р.Н.