Таҷлили 30 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун
Бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 феврали соли ҷорӣ соати 10:00 дар қисми низомии 051058 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарони қисми низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо оғози қисмати тантанавӣ ва табрикоти раиси шаҳр, муҳтарам Саидзода Сунъатулло шуруъ гардид. Раиси шаҳр зимни табрикот иброз дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ва дар зарфи 30 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайроҳаи пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардид. Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар зарфи ин солҳо обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд ва аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд ва ин албатта амали воқеист. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффариятҳои истиқлолият,пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамзамон, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоншо Мирзоён баромад намуда, баён доштанд, ки имрӯз халқи тоҷик дар симои Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватан, милливу соҳибистиқлолии худро мебинанд. Зеро маҳз бо садоқатмандию хизматҳои шоистаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ артиш таъсис ва рушду такомул дода шуд, ки қодир аст Ватанро ҳифз намояд ва барои зиндагии осудаи сокинони ин кишвар шароит фароҳам биорад.
Сипас, командири қисми низомӣ аз таърихи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, зикр кард, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро паймуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ, интизоми намунавӣ ва ифтихори баланди миллию ватандорӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардидааст. Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Пас аз табрикотҳо афсарону аскарон бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳоихотиравии Раиси шаҳр, инчунин рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир, қисмати фарҳангӣ бо иштирок ва ҳунарнамоии овозхони маҳбуб Умаров Субҳон ба чорабинӣ ҳусну таровати дучанд бахшида таъби ҳозиринро болида гардонид.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамзамон бахшида ба ин санаи таърихӣ соати 14:00 дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, дар чорабинӣ фаъолоне, ки дар таъмини даъвати тирамоҳи соли 2022 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаи раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, қисмати фарҳангӣ бо иштирок ва ҳунарнамоии ҳунармандони бахши фарҳанг ба чорабинӣ ҳусну таровати дучанд афзуд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий