БАРОИ ДИФОИ ШАРАФУ НОМУС ВА ХОКИ МУҚАДДАСАМ ХИЗМАТ МЕКУНАМ!
Дар ҳифзи Меҳан ҷон фидо хоҳем кард,
Қарзест ба мард варо адо хоҳем кард.
Гар душмани шатӣ бихезад бар сараш,
Ду пои варо зи тан ҷудо хоҳем кард.
Имрӯзҳо ҷавонони шуҷову далери Ватан баҳри ҳифзи хоки муқаддаси сарзаминамон садоқатмандона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Артиши миллӣ хизмати Модар –Ватанро ба ҷо оварда истодаанд. Барои ин родмардон дар қисмҳои ҳарбии мамлакатамон шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст, ки афсарону сарбозон аз ободию озодӣ ва тенҷию аммонии кишвар шукургузоранд.
Бахшида ба 30 солагии Артиши Миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем, бо сарбози қаторӣ Бурҳонов Абдулманон Улмазович, ки фишурдаи онро рӯи авроқ меоварем.
Аввалан мегуфтед, дар Қисми низомии 051058 аз кадом манотиқи кишвари азизамон хизмати Модар- Ватанро ба ҷо оварда истодаед?
Ман аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар Қисми ҳарбии 051058 қарзи фарзандии хешро дар назди халқу миллат ва давлат адо карда истодаам.
Хизмат ба Ватан бо хоҳиши худи Шумо буд ва ё даъвати комиссариат?
Соҳиби маълумоти олӣ шудам ва ба худ тасмим гирифтам, ки бо хоҳиши худам барои ҳифзи марзу буми Ватан ва шарафу номусам ба хизмати ҳарбӣ камари ҳиммат бандам.
Дар Қисми ҳарбӣ шароиту имкониятҳо чӣ гунаанд?
Дар Қисми низомии 051058 шароит хеле хуб аст. Албатта мо дар хизмат дарси мардонагиро меомӯзем.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои инсони комил шудани ҷавонон чи нақше мегузорад?
Хизмати Ватан ба ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат обутоб ёбанд, шуҷоату мардонагиро омӯзанд, далеру нотарс ва қавииродаю боҷуръат гарданд. Таҳамулгару тоқатпазир бошанд. Яъне хизмати Ватан ба ҷавонон дарси ҷавонмардиро меомӯзад.
Мушоҳида мешавад, ки баъзе ҷавонон аз хизмат кардан ба Ватан саркашӣ ва ё сарпечӣ мекунанд. Ба ин гуна нафарон чӣ гуфтание доред?
Ба чунин ҷавонони даъватӣ гуфтании ман ҳамин аст, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар як тоҷикписар аст. Мо бояд барои пойдории сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ ва ҳифзи номуси хеш аз як гиребон сар бароварда дар хизмати халқу ватани азизамон бошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид басо муҳим баён доштаанд. Ҳеҷ кас ягон нафари ғайр омада ватани моро обод намекунад, мо худамон ватанамонро бояд ободу пешрафта созем. Бале, мо бояд барои ин ватани маҳбуб лозим шавад ҷон фидо созем, зеро «Бе ватан буда ҳукми мурда дорад» гуфтаанд бузургон.
Шумо, ки насли ҷавони кишвар ҳастед ҷанги дохилии солҳои навадумро надидаед, аммо бояд, ки аз наворҳои телевизионӣ ва ё китобу маҷаллаҳо, нақли калонсол дар бораи ин ҷанг шунидаед, агар шунидаед нисбати он ҷанги хонумонсӯз чӣ гуфтан мехоҳед?
Албатта, дар он замон мо набудем, аммо аз воситаҳои ахбори омма, оинаи нилгун, радию ва нақли падару модар, бибию бобиҳоямон дидаю шунидаем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон чӣ гуна рӯзҳои пурдаҳшатро паси сар кардааст. Дар роҳи ба даст овардани ин ҳама дороиҳо, Ватани обод, сулҳу суббот, амнияту оромӣ фарзонафарзандони миллату давлати мо басо ранҷҳо кашидаанд, ки имрӯз мо соҳиби Ватан обрӯю эътибор ҳастем.
Бинобар ин аз ҷавонон даъват ба амал меоварам, ки ба монанди Қаҳрамонони миллату давлатамон, мо низ мардонавор барои пойдориву устувории арзишҳои доштаамон, мубориза бурда ҳамеша ҳушёру зиракона пайи нобуд кардани хасми ношуд мешавем ва намегузорем, ки бори дигар ин сарзамини ҷафодида зери пойи наҳси хоинону ҷоҳталабон гардад.
Мо ба Шумо ва тамоми афсарону сарбозони Қисми низомии 051058 ва кулли ҳарбиёни Ватани маҳбубамон дар вазифаи пурмасъулияти бар душ доштаатон барору комёбиҳои беназир таманно намуда, 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрику муборакбод мегӯем ва умед дорем, ки бо сари баланд сарфарозона адои хизмат намуда, сиҳату саломат ба зодгоҳатон бармегардед.
Ташаккури зиёд!
Суҳбаторо: З. Давлатова.
Добавить комментарий