Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».
Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурат ба қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи кишвар (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7-уми сентябри соли 1994 бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Дар баробари ин, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Алалхусус, моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ бахшида шуда, тибқи он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Бинобар ин арҷгузорӣ ва эҳтироми волои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, вазифаи муқаддас ва ифтихори милливу ватандории ҳар як фарзанди баору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин Парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин Парчам то абад пойдор бимонад.
Добавить комментарий