Роғун шаҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд. Ба ҳамаи мо маълум аст, мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.

    Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифи кишвар маҳсуб мешавад, ки барои ҳунармандони асили шаҳри Роғун қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд. Бигузор ҳунари сокинони шаҳри нуровари Роғун писанди ҳамагон гардад ва маҳсули бо меҳр офаридаи онҳо зеби кошонаҳо бошад.

    Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Сайру саёҳат яке аз анъанаҳои неки гузаштагони мардуми тоҷик ба шумор рафта, сол аз сол аҳамияти он дар пешрафти зиндагии шахс ва рушди ҷомеа бештар мегардад. Аз қадимулайём бо мақсади таҳсил, тиҷорату зиёрат одамон ба кишварҳои дуру наздик сафар менамуданд. Майлу хоҳиш барои дидани маконҳои таърихӣ, табиати зебою афсонавии манотиқи олам, пешрафту тараққиёти илму фарҳанг, марказҳои илмӣ, бархӯрдор шудан бо сокинони шаҳри энергетикии нуровари Роғун ва бо сохтмончиёни ҶСК НБО Роғун як ҷаҳони маъниеро меофарад.

      Аз ин рӯ, сокинонаш шаҳри Роғун корҳои назаррасро дар самти такмили «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» саҳмгузорӣ намуда, барои бо кор таъмиин намудани шаҳрвандон корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

  Шаҳри энергетикии нурофари Роғун дорои мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз, шаҳри меваҳои шаҳдбор, иқлими хубу гуворо, боду ҳавои форам, манзараҳои табиаташ рангин, кӯҳҳои осмонбӯс, обанбори азими сохтмони НБО Роғун, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот буда, урфу анъанаҳои мардумии тоҷиконааш дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.  

Сироҷиддин Фатҳудинов

Мудири кафедраи «Фанҳои тахассуси»-и

Коллеҷи муҳандисию техникии ш.Роғун