Иҷлосияи 16-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳр оғоз мегардад
Санаи 28 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оғоз мегардад. Бо ин мақсад қарори раиси шаҳри Роғун аз 18.12.2018 ба тасвиб расидааст.
Қарори
Раиси шаҳри Роғун
аз 18 декабри соли 2018 №280
Дар бораи даъвати иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати панҷум Мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қ а р о р м е к у н а м:
Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати панҷум рӯзи 28 декабри соли 2018, соати 8 00 дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз рӯи масъалаҳои зерин даъват карда шавад:
- Ҳисботи Раиси шаҳри Роғун «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2019.
- Дар бораи иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2017 ва тасдиқи буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2019.
- Дар бораи даровардани тағироту иловаҳо ба буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи чоруми соли 2018.
- Оид ба қабул ва тасдиқи андозҳои маҳаллӣ дар қаламрави шаҳри Роғун барои соли 2019.
- Ҳисоботи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, муҳоҷират, шуроҳои ҷамъиятӣ, номгузорӣ, кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар соли 2018.
- Ҳособоти Комиссия оид ба масъалаҳои хоҷагии коммуналию манзилӣ, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва барқ дар соли 2018.
- Ҳисоботи Комиссия оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳифзи табиат, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонии маишӣ дар соли 2018
- Ҳисоботи Раисони Комиссияҳои доимӣ оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар соли 2018.
- Пешниҳоди ҳисоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун дар соли 2018.
- Тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва нақшаи кории мақомоти ҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои соли 2019.
- Дар бораи даровардани тағирту илова ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 13.03.2015, № 6, 7 ва 9 «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати панҷум.
- Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия.
Раис Б. Иброҳим
Добавить комментарий