Хонаи беҳтарин соҳиби мукофоти пулӣ мегардад

         Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳри Роғун аз ҷониби шаҳрдорӣ тамоми чораҳои ҳавасмангардонӣ ба роҳ монда мешаванд. Аз ин ҷост, ки амри Раиси шаҳри Роғун аз 27. 11. 2018, №188 “Дар бораи таъсиси Комиссия оид ба муайян намудани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷуъмҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад. Дар амри мазкур барои биноҳои баландошёнае, ки ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ ва гирду атрофашон ободу зебо  гардонида шудаанд, мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи амри мазкур  барои ишғолкунандаи ҷойи якум 15000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 10000 сомонӣ, барои ҷои сеюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойҳои ифтихорӣ Раҳматномаву Сипосномаҳо пешбинӣ шудаанд. Озмун санаи 14.12.2018 оғоз ва санаи 21.12.2018 анҷом меёбад.