Ниҳолшинонӣ бо маром идома меёбад…

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Роғун пайваста корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ бо маром идома меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки давоми моҳи декабри соли ҷорӣ бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо, шуъбаву бахшҳо, ходимони дин, соҳибкорон, фаъолон  ва аҳолии деҳоти дурдаст пайваста ҳашарҳои оммавӣ гузаронида шудаанд. Дар ин ҳашарҳо беш 4000 бех ниҳолҳои сояафкан аз ҷумла, ниҳоли сояафкани навъи акатсия дар шоҳроҳ, гирду атрофи деҳаҳо ва заминҳои бекорхобида шинонида шудааст. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд бо мусоид омадани боду ҳавои имсола шинонидани чунин дарахтонро ба маротиб зиёд менамоянд.