Табрикоти Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло бахшида ба 26-солагии Ваҳдати миллӣ   ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ, МЕҲМОНОНИ АРҶМАНД  ВА ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ!  

                 Фарорасии ҷашни фархундаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол 26 солагии он дар саросари ҷумҳурӣ   ботантана таҷлил мегардад, ба кулли сокинони шаҳр  аз самими дил табрику таҳният мегӯям.

     Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.

      Воқеан ҳам Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва аз ҳамон сол инҷониб ин санаи муҳиму фараҳбахш ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад. Аз нигоҳи таърихӣ ва моҳияти тақдирсозии миллати тоҷик дар радифи Истиқлоли давлатии кишвар Ваҳдати миллӣ барҷастатарин воқеа дар охири асри 20-ум маҳсуб мешавад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ рушд карда, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард.

      Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯз бояд тамоми мардуми шаҳр, махсусан, насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ — иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи онро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум мегардад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем».          

        Ҳамдиёрони гиромӣ!

     Дар ин росто нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар таҳкиму устувории пояҳои Ваҳдати миллӣ басо арзишманду назаррас арзёбӣ намудан ба маврид аст. Зеро Пешвои миллат бо иродаи шикастнопазирии худ, таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротии он замон, муборизаҳои дохилӣ, гуфтушунидҳои дарозмуддат ва интизориҳои зиёд бо сабру таҳаммул тавонист дар кишвар ваҳдати сартосариро таъмин намояд.

    Қобили зикр аст, ки аввалин пояҳои сулҳу субот дар Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ободкорӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекарданд.

    Вале дар гӯшаю канорҳои гуногуни Тоҷикистон тахрибкорӣ идома ёфта, имкон намедод, ки мардум зиндагии осоишта ба сар барад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат боз бо забони сулҳпарастӣ ба гурӯҳҳои мухолифин муроҷиат намуданд: «Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем.

   Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем, Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем».

      Ин суханони пурарзишу ҳикматомез рисолати худро иҷро карда, сарҷамъию якдилиро дар кишвар таъмин намуд.

     Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфта, баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

     Аз ин лиҳоз, дар шароити торафт печида гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз муҳимтарин вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

     Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳр бо ҳисси баланди ватанпарастӣ таҳти парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату созандагӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон талош меварзанд.

    Бори дигар, тамоми сокинони шарафманди шаҳри Роғунро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, баракати рӯзгор ва ба кишвари азизамон Тоҷикистон ваҳдати пойдор орзу менамоям.  

       Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!