Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун

 

 Санаи 24 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.  Дар чорабинӣ раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт Мирзоён Раҳмоншо, роҳбарони тамоми мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Оғози чорабинӣ бо табрикоти раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло  шуруъ гардида, раиси шаҳр бо суханони табрикотӣ ҳозиринро шодбош гуфт. Аз ҷумла қайд кард, ки: «Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат буда, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилии халқамон мебошад».

      Сипас, дар ин чорабинии пуршукӯҳ  як гурӯҳ фаъолони шаҳр, ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр қадридонӣ карда шуданд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар боғи фарҳангии шаҳри Роғун бо созу навои  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр  идома ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида баргузор намудани чорабиниҳои  варзишӣ аз қабили шашкаю шоҳмот, дави миллӣ, ташкили озмунҳои расмкашӣ дар муассисаҳои томактабӣ, ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву растаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, насби шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳои махсуси идона, намоиш ва фуруши маҳсулоти хоҷагии халқ, нашри маводу мақолаҳо бахшида ба ин ҷашн дар сомонаи расмии мақомот ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун», сабт ва инъикоси чорабиниҳо тариқи васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба роҳ монда шуданд.