ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БАРГУЗОР ГАРДИД

   Рузи 16- уми июни соли ҷорӣ  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори Шӯро муовинони раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б., Мусозода П., роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҳисориев З., мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, нозирони минтақавӣ, намояндагони масъул аз “НБО Роғун” ва масъулини дахлдор иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳо вобаста ба сабабу омилҳо ва пешгирии минбаъдаи ҷиноятҳои қаллобӣ дар шаҳр ва бартараф намудани қарздории бақияпулиҳо аз андоз, пешгирии қарздории музди меҳнат дар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр

баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа ёрдамчиёни Прокурори шаҳр Ҳакимзода Б., Саидзода М., муфаттиш ва масъулини дахлдори ШВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, сардори нозироти андоз Собирзода Ш. ва намояндагони масъули “НБО Роғун” вобаста ба масъалаҳои барасишаванда ҳисобот доданд.

Дар хотима раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Прокурори шаҳр Қосимзода Х. Ш. вобаста ба масъалаҳои Шӯро суханронӣ намуда аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо амалҳои номатлуб фаъолияти хешро пурзур намуда саҳми худро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр гузоранд.

16.06.2023 ш. Роғун