АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ БА МАФКУРАИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ХАТАР ДОРАД
Дар шароити кунунӣ яке аз масъалаҳои доғи руз дар миёни ҷомеаҳои шаҳравандӣ ин мушкилии хатари терроризму экстремизм ба ҳисоб рафта, дар доираи имкониятҳои нави ҷаҳонишавӣ ба хусус технологияи иноватсионию камуникатсионӣ дар мисоли шабакаҳои гуногуни интернетӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон бештар таъсири манфӣ мегузоранд.
Мо имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки албатта ҳаёту фаъолияти инсон бо технологияҳои иттилоотӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Вале барои истифодаи дуруст ва азхудкунии донишу маърифати муосир дар ин ҳошия пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори миллию ватандорӣ ва маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон зарур аст.
Шаҳрвандонро мебояд дарк намоянд, ки паҳн ва тарғиби ақидаҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои гуногуни интернетӣ тибқи талаботи қонун ҷиноят буда, ба мафкураи ҷавонон ва ҳатто калонсолон таъсири манфӣ мегузорад.
Албатта маълум аст, ки фаъолияти гуруҳҳои ифротгарою ҷиноятпеша ба монанди аъзоёни ТТ ҲНИ ва дигар созмону ҳаракатҳои террористӣ дар асоси манфиатҷӯи ва ниятҳои нопоки ифротияшон амалӣ мегардад. Мақсади асосии онҳо аз ҳисоби шаҳрвандон зиёд намудани аъзоёни гуруҳҳои ҷиноятпешаи худ мебошад. Онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои ифротӣ, радикализми динӣ ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд. Ин қишри ҷомеаро, ки дар худ мафкура ва ақидаи қавӣ надоранд бештар ба худ ҷалб менамоянд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ба ҳар як ақидаи нопоки онҳо дар ҳама ҳолат ҷавоб гардонида, бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ бо чунин ақидаҳои номатлуб муқовимат намоем.
Тавре медонем, имрӯзҳо хатари терроризмро бештар сокинони кишварҳои Афғонистон, Сурия ва Ироқ мушоҳида менамоянд. Мардумони ин кишварҳо аз хатару оқибатҳои терроризм, аз зиндагии шоиста сулҳу осоиш маҳруманд. Дар ин кишварҳо ташаккули маънавӣ ва тараннуми зебоии ҳаёт барои наврасону ҷавонон дида намешавад. Ифротгароию даҳшатафканӣ мунтазам ба ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Шарҳвандоне, ки фирефтаи ақидаҳои ин гуруҳои террористӣ-эстремистӣ шуда буданд, дар канор нестанд. Ҳамаи даҳшату амалҳо ва ақидаҳои носолим, албатта ба мафкураи онҳо таъсири худро мерасонад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мавқеъ ва ташаббусҳои устувори худ, дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм мунтазам тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардидааст. Дар робита ба ин, иқдоми ҳукумати кишвар яъне ба Ватан баргардонидани шаҳрвандон, аз кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия мебошад, ки ин масъала зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт мунтазам чораҳои дахлдор роҳандозӣ мегардад. Ин иқдоми ҳукумати мамлакат, барои рушду инкишоф, муҳити солим, тарбияи ватандустӣ ва ифтихори миллии кӯдакону наврасоне, ки аз кишварҳои ҷангзада, баргардонида мешаванд таъсири муфид дошта, ин ташаббус қобили дастгирии ҳамаҷониба мебошад.
Бо мақсади иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025” бо Қарори раиси шаҳри Роғун аз 21 июни соли 2021, №220 Нақшаи амал таҳия ва тасдиқ карда шуда, мавриди иҷро қарор дода шудааст. Вобаста ба иҷрои Стратегияи мазкур иловатан дар давоми соли 2022 ва семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳр як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, гуруҳи кории мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи болозикр таъсис дода шуда, чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар ин самт доир карда мешаванд. Муовини раиси шаҳр Шарафзода Б.
Добавить комментарий