Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр

         Санаи 31 майи  соли 2023 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр  баргузор гардид, ки дар  маҷлис Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, инчунин дигар даъватшудагон иштирок доштанд.   Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди  баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:  

  1. Дар бораи ҳисоботи бахши кишоварзии шаҳри Роғун оид ба рафти  кишти баҳорӣ ва андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ бобати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин;
  2. Дар бораи ҳисоботи мудири бахши фарҳанги шаҳри Роғун оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №115 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи «Барномаи ҳифзи мероси ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025»,
  3. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели  соли 2022, №203 “ Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.

     Маҷлисро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  кушода, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, ҳисоботи  мудири бахши кишоварзии шаҳр Ғаюрзода Қадриддин шунида шуд. Мавсуф вобаста ба иҷрои нақшаи кишти баҳорӣ, омодагии техника ва дастрасии тухмиҳо ба кишоварзон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт  ҳисобот дод.

   Аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба масъулин ҷиҳати таъмини саривақтии дурнамои кишт, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, захираи кофии маводи ғизоӣ дар ҳар хонавода ва мувофиқат кардани ҳисоботҳои оморӣ  супоришҳои мушаххас дода шуд.

   Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши  иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши фарҳанг Ҷамилзода Олимшо оид ба рафти иҷрои як зумра барномаҳо дар самти фарҳанг   шунида   шуд. Ба масъулини дахлдор барои  беҳтар намудани кору фаъолият дар ин самт супоришҳои иловагӣ дода шуд. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели    соли 2022, №203     “Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳисоботи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Зайдов Раҳмиддин     шунида  шуда,   ба  масъулини дахлдор супоришҳо тибқи қарор дода шуд.

   Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба сухан баромада, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳо пешниҳодҳои судманд баён намуданд. Бо назардошти баррасии масъалаҳо ва фикру пешниҳодҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар анҷоми маҷлиси машваратӣ бори дигар раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло ба масъулину мутассадиён бобати иҷрои қарорҳои ба тасвиб расида, Барномаҳо, амрҳо ва нақшаву чорабиниҳо, ҳамчунин вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, ҷамъбасти бобарори соли нави хониш, тайёрии ҷиддӣ ба фасли сармо ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.  

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                         Раҷабалиева Шоира