“БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН БАРОИ СОЛҲОИ 2024-2028” ҚАБУЛ ГАРДИД  

    Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳр 661 км2-ро ташкил дода, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Балҷувон ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 110 км ташкил медиҳад.

       Аз рӯи имкониятҳои бузурги табии ва фарҳангию таърихӣ шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ мусоид аст.  Минтақаҳои Ғашён, Ёнахш ва Марғзори Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун барои сайёҳии табобатӣ, куҳнавардӣ ва пиёдагардӣ хеле мусоид аст. Масофаи роҳ аз шаҳри Роғун ба деҳаи Фаррух 15 км, Ғашён 30 км, Ёнахш 38 км ва Марғзор бошад беш аз 40 км-ро дар бар мегирад. Қад-қади роҳ алафҳои худрӯйи табии рӯйида, беш аз 5 чашмаҳои мусаффо аз қаъри куҳ ва талу теппаҳо ҷорӣ мешаванд.  Деҳаи Ғашён нисбат ба деҳаи Ёнахш бартариаш дар он аст, ки ба маркази деҳа оби чашмасори софу тоза ҷорӣ мешавад, ки оби деҳа барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид мебошад. Деҳаро аз чор тарафаш куҳҳои осмонбус иҳота кардааст. Истиқоматкунандагони ин деҳа хусусиятҳои хоси сайёҳии мавзеъи Ёнахшро хуб дарк карда, дар ин мавзеъ хонаи қабули сайёҳонро бо номи «Сайр» мавриди истифода қарор додаанд. Меҳмонхонаи «Сайр» аз се утоқи хурди дамгирӣ, ошхона ва ҳамоми буғӣ иборат мебошад.  Масофаи байни деҳаи Ёнахш то мавзеи Марғзор беш аз 5 км роҳро дар бар мегирад. Мавзеи Марғзор аз рӯи имкониятҳои табиӣ барои ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст. Дар қисмати ҳамвории собиқ деҳаи Марғзор ду кулли қамишзори табиӣ мавҷуд буда, аз моҳҳои май то сентябр барои истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад.  Дар қисмати болоии ҳавзҳои мавзеи Марғзор  тахминан 1 км роҳ аз қаъри куҳ дарёчаи оби софи хунук аз назди дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва гиёҳҳои шифобахш ҷорӣ мешавад.  Дар оянда ҳавзҳои табиӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ имконияти хеле хуб ва манфиатовар мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани деҳаҳои мазкур, табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, мева ва ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла бузи сайд, хирс, хук, ҷайра, сангпушти куҳӣ, санҷоб, харгуш, заргуш, гург, рӯбоҳ, шағол ва аз хазандаҳо якчанд навъи мор, калтакелос ва дигар ҳашаротҳо дар дашту даман ва куҳҳои ин мавзеъҳо во хурдан мумкин аст.

      Бо мақсади рушди ин соҳа аз тарафи шаҳрдорӣ як қатор инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла бунёд, таъмир ва таҷдиди як қатор осоишгоҳҳо натиҷаи пешравӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошанд.

       Дар ҳамин давра осоишгоҳи “Шоиста”  бунёд гардид, ки аз 4 ҳавзи табобатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо иборат буда, ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавогӯй мебошад. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон  дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 осоишгоҳ дар ҷамоати шаҳраки Оби гарм  ва 1 ҳамом дар маркази шаҳри Роғун  ба истифода  дода  шуд, ки ин ҳам бошад барои рушду нумуи шаҳр нақши беандоза дорад. Илова бар ин, равшаннамоии биноҳои бисёрошёна, биноҳои маъмурию маишӣ, бунёди биноҳои маъмурӣ, вусъати корҳои сохтмони дар лоиҳаи “Роғун, Оби Гарм, Нуробод”, азнавсозӣ ва бунёди роҳи 11 км Роғун ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҳусни шаҳрро бозҳам зеботар гардонида ба рушди сайёҳӣ таъсири муфид мегузорад.

       Дар ҳудуди шаҳри Роғун зиёда аз 30 адад мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, 100 адад инфрасохтори хизматрасонӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла 4 адад гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, 13 адад коргоҳои ҳунарҳои мардумии кандакорӣ (оҳангарӣ, табақтарошӣ, дутортарошӣ, сабадбофӣ, қарамадӯзӣ, ҷиҳози занона ва ғайраҳо), 4 адад меҳмонхона, 5 адад тарабхонаи замонавӣ, 7 адад осоишгоҳ 26 адад ошхонаҳо, 3 нуқтаи обҳои шифобахш, 5 адад истгоҳҳои замонавӣ, 5 адад хоҷатхонаҳо дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд мебошад.

         Дар шаҳри Роғун 14 муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумла 8-адад китобхона, 1 осорхона, 2 хонаи фарҳанг, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 қасри фарҳанг фаъолият менамояд.

     Бо мақсади ташвиқи имкониятҳои соҳаи сайёҳии шаҳри Роғун, дар сомонаи расмии мақомот (www.roghun.tj) беш аз 90 маводҳои хабарию мақолаҳо ва дар саҳифаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар (Facbook) беш аз 100 маводҳои хабарӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва мақолаҳои оммавӣ инъикос карда шудааст, ки бештари ин маводҳои аз имкониятҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳо, озмунҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, қабули меҳмонон ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад. Ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун бошад, аз ҷониби масъулини соҳа буклетҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расонида шуда, бобати ҷалби бештари сайёҳон дар марказҳои хизматрасонии назди шоҳроҳ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои савдо, осоишгоҳҳо дастрас карда шудааст.

      Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки занону духтарони бе шуғл ба корҳои хонагӣ машғул шуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаши мизоҷон гардонанд. Сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун яке аз иншоотҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро дар бар мегирад. Ин иншооти бузурги аср дар оянда барои рушди соҳаи туризм аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Обанбори ин нерӯгоҳ ҳамчун мавзеъи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд, ки нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Чунки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли нерӯ ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург дорад.

     Дар баробари ин, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода карда истодааст. Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

      Албатта бо мақсади пешрафти соҳаи саноат сохтмони иншоотҳои гуногуни соҳаи ҳаётан муҳим идома дорад, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Яке аз ин иншоотҳои тақдирсоз НБО Роғун буда, бунёди он бо маром идома дорад. Албатта бо бунёди неругоҳи мазкур, шароити рушду инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ муҳаё мегардад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти обанбори неругоҳи барқи обии Роғун ҳамзамон сайёҳии экологӣ низ рушд менамояд.

     Бо иқдому талошҳои пайвастаи масъулини соҳа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар арафаи таҷлили сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №441 “Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун” ба тасвиб расид, ки барои мо масъулин дастоварди назаррас ба ҳисоб рафта, албатта барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ва ҳамчун минтақаи сайёҳӣ рушд кардани Роғун минбаъд такони ҷиддӣ мебахшад. Дар робита ба татбиқи қарори мазкур, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чораҳои дахлдор андешида шуда, қарори раиси шаҳри Роғун аз 04 октябри соли 2022, №188 “Дар бораи таъсиси гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун” бо ҳайати масъулини дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ қабул шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои он ҷаласаҳои гуруҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мунтазам доир гардид.  Ҳамзамон бо мақсади таҳияи лоиҳаи барномаи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, ҷаласаҳои он доир карда шуд.

      Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ин чораандешиҳои масъулини соҳа дар ҳамкори бо вазорату идораҳо хулосаҳои зарурӣ ба лоиҳаи “Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳи 2024-2028” гирифта шуда, лоиҳаи Барномаи мазкур барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз баррасии лоиҳаи Барнома 29 апрели соли 2023, №187 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028” қабул гардид, ки ин дастоварди бесобиқаи мақомоти шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Қабули Барнома ва эълон гардидани Роғун ҳамчун минтақаи сайёҳӣ ба рушди соҳа дар солҳои наздик такони ҷиддӣ мебахшад.

      Барнома яке аз механизмҳои асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, имкониятҳои воқеиро вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба самти сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, ҳамчун минтақаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад.    

Баҳром Шарафзода,

Муовини раиси шаҳри Роғун