Расонидани  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар шаҳри Роғун

Бо мақсади   расонидани  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-         Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакат, ки санаи 23 декабри  соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид,  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ анҷом дода истодаанд.

    Ба ин хотир, санаи  4 декабри соли 2022   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб ва муовини Кумитаи  байналмиллалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо Қосимзода ба шаҳри Роғун ташриф оварда,  бо  роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва дигар даъватшудагон  вохӯрӣ баргузор гардид.

         Сараввал, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  ҳозиринро ба Соли нави  мелодӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Паёми  имсола  идомаи мантиқии паёмҳои  солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро  дар ояндаи наздик муайян мекунад. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.  Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб сухан намуда иброз доштанд, ки чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

    Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

  Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

  Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

   Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

  Ҳамзамон, муовини Кумитаи  байналмиллалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо Қосимзода оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардум, пешрафти устувори  минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар, беҳтар гардонидани  хизматрасониҳои  давлатӣ  дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди саноату рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, равандҳои геопалитикӣ ва пешрафту дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар суханронӣ намуданд.

    Дар охир, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  бо сухани хотимавӣ баён доштанд, ки ин вохӯриҳо дар ин самт идома дошта, ҳайати кормандони идеологии дастгоҳи раиси шаҳр  нақшаи доир намудани вохӯриҳоро дар тамоми мавзеъҳои шаҳр ташкил намуда, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакат расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати роҳнамо дарҷ гардида аз  тамоми имкониятҳо истифода бурда, бобати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати он чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди  

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева Шоира