Маҷлиси ҷамъбастӣ соли 2022  дар шаҳрӣ Роғун доир гардид

  

 Санаи 5 январи  соли 2022 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси ҷамъбастии  соли 2022 баргузор гардид, ки дар  маҷлис Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон, муовинони раис,  вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.   Дар маҷлис масъалаҳо оид ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2022» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2023 мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

      Сараввал раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҷаласаро оғоз намуда,  оид ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2022» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2023  сухан намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ баён доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст.

       Дар маҷлис инчунин ҳисоботҳо дар хусуси  пешрафту дастовардҳо, бурду бохт ва камбудиҳои соҳаҳои маорифу  тандурустӣ  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ,  хоҷагидорию камуналӣ, сохтмон, нақлиёт ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои ҳудуди шаҳр маълумоти мушаххас дарҷ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон сухан намуда, сараввал  ҳозиринро ба Соли нави мелодӣ  муборакбод намуда, дар фаъолияти ояндаашон бурдбориҳоро таманно намуданд. Ҳамчунин оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон аҳамияти махсус дорад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                         Раҷабалиева Шоира