Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ

  Санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори Шӯро  муовини якуми раиси шаҳри Роғун  муҳтарам Файззода Раҳматулло,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақавӣ ва дигарон ширкат доштанд.

        Дар кори Шӯро масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифтанд:

   -рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

   -гузориш «Оид  ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм»;

     Аз рӯи масъалаи якуми  Шӯро ёрдамчии калони  прокурори шаҳри Роғун, мушовири адлияи дараҷаи 3 Ҳакимзода Б.С. баромад намуда, иброз доштанд, ки  маҳз сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо   боис гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкардаи  Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои  иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шаванд.

    Дар мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ҷиҳати таъмини қонуни мазкур  4 адад Комиссияҳои  доимӣ ва21 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият менамоянд.

    Санҷиш ва таҳлилҳо нишон дод, ки  дар бахш    тибқи Комиссияҳои  доимӣ  оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим       китоби  бақайдгирии маърака  ва ҷашну маросимҳо  таъсис дода шуда, баъди муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ному насаб ва суроғаи зисти  шаҳрванд, инчунин намуди  маъракаҳо дар  китоб қайд карда мешаванд…..

   Нисбати масъалаи дуюм ёрдамчии прокурори шаҳри Роғун Саидзода Мурод  оид ба тадбиқи  «Стратегияи муқовимат ба эктремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби бахшу шуъбаҳои дахлдор баромад намуда,  иброз доштанд, ки  Фаъолияти  шуъбаҳо дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст . Аз ҷумла  масъулини бахши  муҳоҷират   бо гузаронидани  якчанд вохӯрӣ бо сокинони шаҳр қаноат намуда,  бо нафарони сафари  муҳоҷирати меҳнатӣ дошта,  баҳри пешгирӣ намудани  пайдошавии  руҳияи экстремистӣ ягон мулоқот  нагузаронидаанд. Ҳоло  он ки, вазифа  ва фаъолияти  асосии  шуъба ба мусоидат ба нигоҳ  доштани  робитаҳои  доимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва падару модарони онҳо ҷиҳати аз ҷониби онҳо  пешгирӣ намудани  пайдошавии руҳияи  экстремистӣ дар заминаи  аъзои оилаи  дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаи  онҳо мебошад.

   Мутаасифона, фаъолияти бахши мазкур  ҷавобгӯи талабот набуда,  робитаи масъулон бо  муҳоҷирони меҳнатӣ  дида намешавад, ки дар натиҷа  сокинони шаҳр бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ  ба хориҷа рафта, ба  гурӯҳҳои терористию эктремистӣидошта шомил гардида, даст ба ҷиноятҳои мудҳиш мезананд.

       Нисбати масъалаҳои зикргардида масъулин баромад намуда, саволу ҷавоб миёни ҳозирин ҷараён гирифт. Прокурори шаҳри Роғун  Қосимзода Хайриддин нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки фаъолияти бахши дин, танзим, анъана ва ҷашну маросими ғайри қаноат бахш буда,  вобаста ба ошкор намудани қонуншиканиҳо дар ин самт чораандешӣ накарда, ягон адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб надодаанд. Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои Шӯро аз ҳама иштирокчиён мудирони бахшу шуъбаҳо даъват ба амал оварданд, ки барои таъмин, иҷро,  пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо  амалҳои номатлуб канорагирӣ накарда, фаъолияти хешро пурзур ва саҳми хешро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр, мамлакат, ва сулҳу суботи ҷовидонаи кишвари маҳбубамон гузоранд.      

   Сармутахассиси шуъбаи рушди

    иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                       

      Раҷабалиева Шоира