Семинар бахшида ба «Рӯзи  байналмиллалии мубориза  бар зидди коорупсия ва сиёсати зиддикоорупсионӣ»

  

     Санаи 9 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар бахшида ба Рӯзи  байналмиллалии мубориза  бар зидди коорупсия ва сиёсати зиддикоорупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар семинар   муовини якуми раиси шаҳри Роғун  муҳтарам Файззода Раҳматулло,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақавӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Сарравал муовини якуми раиси шаҳри Роғун муҳтарам Файззода Раҳматулло баромад намуда иброз доштанд, ки коорупсия  дар ҷаҳони муосир  дар роҳи  рушди иқтисодию  иҷтимоии кишварҳо ва риояи  ҳифзи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва шаҳрванд  аз ҷумлаи  монеъаҳои ҷиддӣ  маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои   ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ, масъалаи муқовимат бо коррупсия  дар меҳвари сиёсати  хирадмандонаи   Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Сипас,  намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар шаҳри Роғун  Саъдуллозода Абдумаҷид   сухан намуда,  баён доштанд, ки Коррупсия дар ҷаҳони муосир  аз ҷумлаи  монеаҳои ҷиддӣ  дар  роҳи рушди  иқтисодию иҷтимоии  кишварҳо  ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон маҳсуб меёбад. Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомати ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад.

Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими  сиёсати  ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани  ин сиёсат райъи қавии  сиёсӣ, ташаккули  заминаҳои  боэътимоди  ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии  стратегӣ ва ҷалб намудани  аҳли ҷомеаро  тақозо менамояд.

Ҳамзамон, намояндаи суд дар шаҳри Роғун оид ба масъалаи ҷаласа чунин баён доштанд, ки муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои  худ,  инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.

Бо шарофати ташаббусҳои  созандаи Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда  шуда, иштироки  фаъоли тамоми шохаҳои  ҳокимият ва ҷомеа шаҳрвандӣ дар  мубориза бо ин зуҳуроти  номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар  ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  ба талаботи замон  ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи  давлатӣ-Агентии  назорати давлатии  молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шурои миллии  муқовимат бо коррупсия  таъсис дода шудаанд.

Дар баробаи ин, барои боз ҳам муқовимат бахшидан бар зидди коррупсия ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, ки яке аз омилҳои пешгирикунандаи содиршаваии ҳуқуқвайронкуниҳои корруписонӣ ба ҳисоб меравад, баланд бардошта мешавад.

Тадбирҳои амаликунандаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.

Дар охир муовини якуми раиси шаҳр Файззода Раҳматулло  бо сухани хотимавӣ иброз доштан, ки боварии комил дорем, ки  семинари  имрӯза боис мегардад, ки  дар ҳамбастагӣ бо шумо фаъолони шаҳр пеши роҳи ин падидаи манфур гирифта мешавад.

Раҷабалиева Ш.У.