Баргузории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун

Санаи 9 декабри соли ҷорӣ  дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун маҷлиси ҷамъбастии соли 2022-и Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун гузаронида шуд, ки дар кори он муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҷойлобов Абдухолиқ  ва аъзоёни Шӯро иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маҷлиси Шӯро ҳисоботи ҷамъбастии  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун Ҷойлобов Абдухолиқ «Оид ба ҳолат ва вазъи коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон иҷрои қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.