Озмуни шаҳрии  «Донандаи беҳтарини забони тоҷикӣ» дар шаҳри Роғун ҷамъбаст гардид

   Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ»  ва бо мақсади иҷрои  бандҳои нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ  барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Роғун, Низомнома ва амри Раиси шаҳри Роғун аз 3 феврали соли 2021, №55 ба тасвиб расонида шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки даври аввали озмуни мазкур дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуд, ки 32 нафар иштирокчиён ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии озмун санаи 28 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи  кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи  демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун баргузор карда шуд. Дар ин давр 32 нафар иштирокчиён аз рӯи се номинатсия ширкат варзиданд, ки аз ин шумора   9 нафар  бо гирифтани ҷойҳои 1, 2, ва 3 ғолибиятро ба даст оварданд.

  1.   Номинатсияи иншои озод

-Шоева Манора хонандаи МТМУ №1 ҷои якум;

-Мусамирова Фараҳноз хонандаи  МТМУ №1 ҷои дуюм;

-Саидова Ганҷина  хонандаи МТМУ №2 ҷои сеюм сазовор дониста шуданд.  

  1. Номинатсияи қироати шеър, зарбулмасал, панду андарзҳо ва ҳикматҳо

-Ширинова Сафия хонандаи МТМУ №3 ҷои якум;

-Салоҳзода Шукрона хонандаи  МТМУ №4 ҷои дуюм;

-Мутаибаи Раҳмоналӣ хонандаи МТМУ №8 ҷои сеюм сазовор дониста шуданд.  

  1. Номинатсияи донистани луғатҳо

-Ҳангомаи Айниддин хонандаи МТМУ №17 ҷои якум;

-Юнусова Зайнаб хонандаи  МТМУ №5 ҷои дуюм;

-Ғафурова Муниса  хонандаи МТМУ №29 ҷои сеюм сазовор дониста шуданд.  

     Ғолибони озмуни  «Донандаи беҳтарини забони тоҷикӣ»  санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар чорабинии  Рӯзи Забони Давлатӣ, ки дар қасри фарҳанги  шаҳр баргузор гардид,  аз ҷониби Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло  бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ  ба андозаи 750 сомонӣ барои ҷойҳои аввал, 450 сомонӣ барои ҷойҳои дуюм, 300 сомонӣ барои ҷойҳои сеюм, инчунин Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ  барои омӯзгорони забон ва адабиёти  тоҷикӣ, ки шогирдонашон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд  қадрдонӣ карда шуданд.    

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                         Раҷабалиева Шоира