Хизмати «Ватан Модар» аз дилу ҷон мекунем

Санаи 3-октябри соли ҷорӣ дар Комиссарияти ҳарбии шаҳри Роғун чорабинии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса  баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки ҷавонони шаҳри Роғун дар натиҷаи тарбияи дуруст дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш  дар рӯзӣ аввали гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ҷавонони бо нангу орӣ шаҳри Роғун ихтиёрӣ ба омодагии ҷиддӣ  ба Комиссарияти Ҳарбии шаҳри Роғун барои адои хизмат  ба Модар- Ватан ҳозир гардиданд.

  Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода  Сунъатулло даъватшудагонро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбошиҳо гуфта қайд намуд, ки  наваскарони мо дар қисмҳои низомии мамлакат танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум, бақои давлати миллӣ ва пойдории ваҳдату  истиқлоли давлатӣ ҳамчун фарзандони як модар хизмат мекунанд.

Сипас, қисмати фарҳангии чорабиниро хунармандони қасри фарҳанг бо созу навои худ дилработар  намуданд. Қобили қайд аст, ки ин сана ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дарки баланди ватандӯстию шуҷоат таҷлил мегардад.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                Раҷабалиева Шоира