Рафти иҷрои корҳо ва маблағгузориҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар шаҳри Роғун

        

      Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365, ҷиҳати паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди шаҳри Роғун, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як қатор корҳои назаррасро ба иҷро расонидааст. Метавон қайд кард, ки дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 31 марти соли 2020 доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ бахусус коронавируси нави COVID-19 бо роҳбарии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъоли «Авангард», волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар шаҳри Роғун, кормандони соҳаҳои тандурустӣ гуруҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ  таъсис дода шуда, оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ  бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд. Гурӯҳҳои корӣ шуруъ аз 1 то 17 апрел ва аз 27 апрел то 15 майи соли 2020 дар қаламрави шаҳри Роғун бо аҳолӣ сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар зимн варақаҳо, муроҷиатномаҳо ва китобчаҳову маводҳои зарурии зиддивирусӣ оид ба пешгирии бемории мазкур таъмин карда шудаанд. Тамоми маводҳои иттилоотӣ дар назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматию маъмурӣ, ҷойҳои сераҳолӣ, истгоҳҳо, роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо бо шумораи беш аз 10 710 нусха насб гардиданд. Ҳамзамон гуруҳҳои корӣ дар тамоми вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ нисбати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо, бе ниқоб ва бе зарурат хориҷ нагардидан аз хона, эҳтиёт намудани шахсони пиронсол, сарфи маблағҳои фитри рӯза ба шахсони эҳтиёҷманд, ба омӯзиши хонагӣ фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳ мондани таълиму тарбияи дурусти онҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шудаанд. Дар ҳамин давра аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳияи Файзобод ва шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр тамоми ташкилоту муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳо, идораҳои кории давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ошхонаҳо, нуқтаҳои хуроки умумӣ, кӯчаҳо, роҳравҳо, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, нуқтаҳои партовғундорӣ ва ғайра 3 маротиба бо маҳлулҳои Алмадези 5%, гипохлориди калсий 65% ва гипохлориди натрий безарар гардонида шуданд. Илова бар ин, барои безараргардонии роҳу кучаҳо, маҳалҳои аҳолинишин зиёда аз 2 тонна маводҳои хлордор масраф карда шуда, дар 233 муассисаву ташкилот, корхонаҳо чорабиниҳои безараргардонӣ ва дар макони бақайдгирии бемориҳои сироятӣ сари вақт чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд. Марказ барои чорабиниҳои безараргардонӣ 5 адад дастгоҳи безараргардонӣ харидорӣ намуда, ба миқдори зарурӣ ва бо маводҳои хлордор таъмин мебошад. Дар ин раванд кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз минтақаи Рашт дар асоси Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омӯзонидани 60 нафар кормандонро ба роҳ монда, ҳамаи онҳоро бо дастурамалӣ тавсиявӣ таъмин намудаанд. Илова бар ин, 2-маротиба дар соҳаҳои тандурустии шаҳр семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, ба кормандони ин соҳа тавсяҳои муфид пешниҳо карда шудаанд. Кормандони соҳаи мазкур гардиши хонагиро ба роҳ монда, то ҳамин давра 1400 хоҷагиро мавриди пурсишу муоинаи тиббӣ қарор додаанд. Ҳолати иҷрои корҳо тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ 12 маротиба намоиш дода шуда, 3 маводи дигар дар рӯзомаи  шаҳрии “Нури Роғун” ва 3 мавод тариқи сомонаи расмии мақомот ба нашр расонида шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади сари вақт дарёфт ва муолиҷа намудани бемории мазкур айни замон дар қаламрави шаҳри Роғун дар беморхонаи марказии шаҳр 75 кат, беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарм 83 кат, 2-осоишгоҳ бо 26 ҷои хоб ва дар қитъаи сохтмонии НБО Роғун 80 кат пешбинӣ гардидааст, ки омода мебошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳолатҳои ҷойдошта бо кумаку дастгириҳои соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ  ба беморхонаи марказӣ маводҳои зарурӣ аз қабили рахти хоб, курпаю болишт, рӯйпушҳо, маводҳои шӯянда, таҷҳизоти анҷоми ошхона қисман таъмин карда шудаанд. Ҷамъи маблағҳои ба ин самт равон гардида маблағи умумӣ 1 360 388 сомониро дар бар мегирад, ки тақсимоти он чунин аст:

  1. Буҷети маҳаллӣ- барои таъмири беморхона 147 000 сомонӣ, хариди либосҳои муҳофизатӣ 31 050 сомонӣ, барои пешгирӣ ва харидории маводҳои зарурии аввалиндараҷа ба корхонаҳои буҷетӣ 148 000 сомонӣ

Ҳамагӣ аз ҳисоби буҷет: 326 050 сомонӣ

  1. Соҳибкорон- барои таъмир ва таъмини беморхона бо ҷиҳозҳои зарурӣ 381 000 сомонӣ, барои таъмини шуъбаи сироятӣ бо ҷиҳозҳои зарурӣ 32 000 сомонӣ, барои хариди 2-автомашинаи ёрии таъҷилӣ 250 000 сомонӣ, ҷамъ: 663 000 сомонӣ:

Барои расонидани кумакҳо ба табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби соҳибкорон: Ҳусейнов Аламшо 2200 сомонӣ маводи хурока -Ваҳобов Акбар 2200 сомонӣ маводи хурока -Исоев Умед 2200 сомонӣ маводи хурока

Ҳамагӣ аз ҳисоби соҳибкорон 669 600 сомонӣ

  1. Ширкатҳои сохтмонӣ:

-ҶДММ “Нур-81” 5103 сомонӣ маводи хӯрока, 7897 сомонӣ либосҳои муҳофизатӣ ҷамъ: 13 000 сомонӣ; -ҶДММ “Тоҷиккуҳкан” 3600 сомонӣ маблағи нақд ба 12 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ; -ҶДММ “ТГЭМ” либосҳои муҳофизатӣ 15 000 сомонӣ, 40 000 сомонӣ ҷамъ: 55 000 сомонӣ; -Ширкати “Салини Импреҷило” либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва маводи антисептикӣ ба маблағи 2500 сомонӣ; -Ширкати Хокрӯд ниқоб, маҳлули антисептикӣ ва салфетка ба маблағи 300 сомонӣ; -Ширкати “Идея за идея” ниқоб, респиратор, либоси муҳофизатии яккарата ва маводҳои спиртӣ ва антисептикӣ ба маблағи 3425 сомонӣ; -Ширкати “Энерго Комплект Инжинеринг”  ба маблағи 3200 сомонӣ

Ҳамагӣ аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ 81 025 сомонӣ

  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

Ба соҳаҳои тандурустӣ ҷамъ 9132 сомонӣ

  1. Кумакҳои Сарвари давлат 40 тонна маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба маблағи 150 000 сомонӣ
  2. Фонди “Оғохон” маводҳои доруворӣ ба маблағи умумии 80 500 сомонӣ
  3. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ барои корҳои безараргардонӣ (Гипохлориди натрий 15081 сомонӣ ва Гипохлориди калсий 65% 29000 сомонӣ) ҷамъ ба маблағи 44 081 сомонӣ

      Кор дар самти безарагардонӣ, таъмиру тармими беморхонаи минтақавӣ, таъмини шуъбаи сироятӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо дигар маводҳои зарурӣ, аз қабили доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобу маводҳои антисептикӣ, таъмини кормандони муассисаҳои мазкур ва шахсони бемору ба карантин фаро гирифта шуда, бо маводҳои хӯрокворӣ ва доруворӣ мунтазам зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.    

                  Мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва 

                   робита бо ҷомеа  Худойдодов А. Н.