Ҳисоботи муовини раиси ситоди шаҳрӣ
Санаи 5 июни соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ситоди шаҳрӣ оид ба амалӣ ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар шаҳри Роғун зери роҳбарии Раиси ситод-раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар баргузор гардид. Дар ситоди мазкур ҳисоботи муовини раиси ситод Файззода Фирӯза Убайдулло оид ба корҳои иҷрогардида дар ин давра шунида шуд. Мавсуф зикр кард, ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365, протоколҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави корронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии ин бемории сироятӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, як қатор корҳои назаррас ба иҷро расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар асоси амри мазкур қарори раиси шаҳри Роғун аз 6 апрели соли 2020, №125 ба тасвиб расид, ки дар он 53 нафар аъзои ситоди корӣ мебошанд. Ситоди корӣ ҳафтае як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо даъвати ситодҳои ғайринавбатӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳр гузаронида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки то инҷониб 10 маротиба ситоди навбатӣ ва 5 маротиба ситодҳои ғайринавбатӣ гузаронида шудаанд. Илова бар ин, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз 7 апрели соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Самти фаъолияти ҷаласаҳои ситоди корӣ бештар аз рӯи нақшаи тасдиқгардида ва супоришҳои протоколии ситодҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд. Шуруъ аз аввали баргузории ситодҳои корӣ оид ба моҳияти пешгирӣ аз паҳншавӣ ва хавфу хатари бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ пурзӯр карда шуданд. Ҳамзамон дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 31 марти соли 2020 доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ бахусус коронавируси нави COVID-19 бо роҳбарии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҷавонони фаъоли «Авангард», волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, шуъбаҳои ВКД, КДАМ дар шаҳри Роғун, кормандони соҳаҳои тандурустӣ гуруҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намудаанд. Гурӯҳҳои корӣ шуруъ аз 1 то 17 апрел ва аз 27 апрел то 15 майи соли 2020 дар қаламрави шаҳри Роғун бо аҳолӣ сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар зимн варақаҳо, муроҷиатномаҳо ва китобчаҳову маводҳои зарурии зиддивирусӣ оид ба пешгирии бемории мазкур таъмин карда шудаанд. Дар ин вохӯриҳо нисбати сафари кормандон ва шаҳрвандон ба хориҷи кишвар низ мавриди таъкид қарор гирифтанд. Тамоми маводҳои иттилоотӣ дар назди даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматию маъмурӣ, ҷойҳои сераҳолӣ, истгоҳҳо, роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо бо шумораи беш аз 10 710 нусха насб гардиданд.
Ҳамзамон гуруҳҳои корӣ дар тамоми вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ нисбати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо, бе ниқоб ва бе зарурат хориҷ нагардидан аз хона, эҳтиёт намудани шахсони пиронсол, сарфи маблағҳои фитри рӯза ба шахсони эҳтиёҷманд, ба омӯзиши хонагӣ фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳ мондани таълиму тарбияи дурусти онҳо, зиёд намудани кишти баҳорӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шудаанд. Файззода Фирӯза Убайдулло иброз дошт, ки дар ҳамин давра аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр тамоми ташкилоту муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳо, идораҳои кории давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ошхонаҳо, нуқтаҳои хуроки умумӣ, кӯчаҳо, роҳравҳо, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, биноҳои ташкилотҳои сохтмонӣ, нуқтаҳои партовғундорӣ ва ғайра 3 маротиба бо маҳлулҳои Алмадези 5%, гипохлориди калсий 65% ва гипохлориди натрий безарар гардонида шуда, таъминоти онҳо бо дизбарер ва маводҳои аввалияи пешгирикунанда низ ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт беш аз 5 тоннаю 274 кг маводҳои хлордор дар масоҳати 48 660 м2 масраф карда шуда, дар 286 муассисаву ташкилот, корхонаҳо ва дар макони бақайдгирии бемориҳои сироятӣ сари вақт чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр барои чорабиниҳои безараргардонӣ 5 адад дастгоҳи безараргардонӣ харидорӣ намуда, ба миқдори зарурӣ ва бо маводҳои хлордор таъмин мебошад.
Барои дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор додани соҳаҳои тандурустии шаҳр маблағгузориҳо дар ин самт пурзӯр карда шуда, истифодаи мақсадноки маблағҳо зери назорати доимӣ ва худдорӣ намудан аз хароҷотҳои дуюмдараҷа низ ба роҳ монда шуданд. Мавсуф ёдовар гардид, ки то ин замон таъминоти тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо бо маводҳои аввалияи пешгирикунанда низ ба роҳ монда шуда, бо мақсади истифодаи воситаҳои ҳимояи фардӣ ва риояи чораҳои назорати сироятӣ реҷаи махсус ҷорӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ бо кумаку дастгириҳои соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ ба беморхонаи марказӣ маводҳои зарурӣ аз қабили рахти хоб, курпаю болишт, рӯйпушҳо, маводҳои шӯянда, таҷҳизоти анҷоми ошхона таъмин карда шудаанд. Ҷамъи маблағҳои ба ин самт равон гардида маблағи умумӣ 1 620 386 сомониро дар бар мегирад, ки тақсимоти он чунин аст:
- Буҷети маҳаллӣ- барои таъмири беморхона 147 000 сомонӣ, хариди либосҳои муҳофизатӣ 31 050 сомонӣ, барои пешгирӣ ва харидории маводҳои зарурии аввалиндараҷа ба корхонаҳои буҷетӣ 148 000 сомонӣ, ҳамагӣ аз ҳисоби буҷет: 326 050 сомонӣ
- Соҳибкорон- барои таъмир ва таъмини беморхона бо ҷиҳозҳои зарурӣ 381 000 сомонӣ, барои таъмини шуъбаи сироятӣ бо ҷиҳозҳои зарурӣ 32 000 сомонӣ, барои хариди 2-автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба маблағи умумии 250 000 сомонӣ, барои расонидани кумакҳои хайриявӣ ба табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумла хӯрокворӣ ба маблағи 6600 сомонӣ. Ҳамагӣ аз ҳисоби соҳибкорон 669 600 сомонӣ
- Аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ: ҶДММ “Нур-81” 13 000 сомонӣ; ҶДММ “Тоҷиккуҳкан” 3600 сомонӣ ҶДММ “ТГЭМ” 55 000 сомонӣ; Ширкати “Салини Импреҷило” 2500 сомонӣ; ширкати Хокрӯд ба маблағи 300 сомонӣ; ширкати “Идея за идея” ба маблағи 3425 сомонӣ; Ширкати “Энерго Комплект Инжинеринг” ба маблағи 3200 сомонӣ. “НБО Норак” 2174 сомонӣ ба хонаи бачаҳо Ҳамагӣ аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ 83199 сомонӣ
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: ба соҳаҳои тандурустӣ ҷамъ 210 390 сомонӣ
- Кумакҳои Сарвари давлат 40 тонна маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба маблағи беш аз 150 000 сомонӣ
- Фонди “Оғохон” маводҳои доруворӣ ба маблағи умумии 80 500 сомонӣ
- Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ барои корҳои безараргардонӣ (Гипохлориди натрий 15081 сомонӣ ва Гипохлориди калсий 65% 29000 сомонӣ) ҷамъ ба маблағи 44 081 сомонӣ
- Бо дастгирии Иттиҳоди аврупо ва бонки озуқаи умумиҷаҳонӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ 56 566 сомонӣ.
Кор дар самти безарагардонӣ, таъмиру тармими беморхонаи минтақавӣ, таъмини шуъбаи сироятӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо дигар маводҳои зарурӣ, аз қабили доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобу маводҳои антисептикӣ, таъмини кормандони муассисаҳои мазкур ва шахсони бемору ба карантин фаро гирифта шуда бо маводҳои хӯрокворӣ ва доруворӣ ҷараён дошта, мунтазам зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Дар ин раванд кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз минтақаи Рашт дар асоси Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омӯзонидани 60 нафар кормандонро ба роҳ монда, ҳамаи онҳоро бо дастурамалӣ тавсиявӣ таъмин намудаанд. Илова бар ин, 2-маротиба дар соҳаҳои тандурустии шаҳр семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуда, ба кормандони ин соҳа тавсяҳои муфид пешниҳод гардидааст. Кормандони соҳаи мазкур гардиши хонагиро ба роҳ монда, то ҳамин давра 1400 хоҷагиро мавриди пурсишу муоинаи тиббӣ қарор додаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади сари вақт дарёфт ва муолиҷа намудани бемории мазкур айни замон дар қаламрави шаҳри Роғун дар беморхонаи марказии шаҳр 75 кат, беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарм 83 кат, 2-осоишгоҳ бо 26 ҷои хоб, дар ширкати “Салини Импреҷило” 74 кат ва дар ҶСК “НБО Роғун” ва қитъаҳои сохтмонии он 70 кат ҷамъ 328 кат пешбинӣ гардидааст, ки омода мебошанд. Муовини раиси ситод нисбати ҳолати ҷойдошта дар беморхона низ андешаронӣ кард. Зикр кард, ки шумораи умумии беморон ба ҳолати аввали моҳи июн дар беморхона аз оғози гирифторӣ 33 нафар ва ба табобати амбулаторӣ фаро гирифташуда бошад 44 нафар ҷамъ 77 нафарро ташкил дод, ки айни ҳол 10 нафар бистарӣ буда, то имрӯз 6 нафар беморон (4-нафар дар беморхона ва 2-нафар аз ҳисоби рухсатшудагон фавтидаанд) Аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ бошад дар ширкати “Салини импреҷило” 24 нафар ба карантин фаро гирифта шуда, 13 нафар рухсат ва 11 нафар айни ҳол ба табобат фаро гирифта шудаанд. Дар ҳамин давра захираи маводҳои аввалияи доруворӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳои шаҳр ба роҳ монда шуда, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо низ захираҳо ба қадри зарурӣ дастрас гардиданд. Қайд гардид, дар маҷмӯъ натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколии ситоди шаҳрӣ қаноатбахш буда, барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дар самти пешбурди ситодҳои шаҳрӣ аз тамоми иҷрокунандагон ва масъулон масъулияти дучандро тақозо менамояд. Инчунин, дар ситод ҳисоботи сардухтури беморхонаи марказӣ Файзуллоев Саидмурод шунида шуд. Номбурда, нисбати таъмини кормандони муассисаи тандурустӣ, вазъи беморон ва шахсони ба карантин фаро гирифта шуда, маълумоти муфассал дод. Раиси ситоди шаҳрӣ муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ба масъулин оид ба иҷрои саривақтии супоришҳои протоколии ситод дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Котиби ситоди шаҳрӣ Худойдодов А. Н.
Добавить комментарий